arzon replenishment
Мошини Исматуллоро дар Украина тирборон карданд
28.02.2022
ОИЛА
1740

Ҷангу хунрезӣ ва ҳодисаҳои нохуше, ки ин шабу рӯзҳо дар Украина ҷараён доранд, натанҳо сокинони ин давлат, балки дигар қавму миллатҳои бо амри тақдир ба Украина афтодаро низ ба гирдоби дарду ғам ва мушкилот афканда, фоҷиаҳои зиёдеро ба сарашон меорад.

Ҷавонмарди тоҷик Исматулло Сафаров низ бо амри тақдир ин шабу рӯзҳо дар Украина қарор дорад ва кам монда буд, ки бар асари тирборон ҷони ширинашро аз даст диҳад....
"Шаби гузашта аз ҳама шаби вазнинтарин барои мардуми Украина буд.

Барои гирифтани чанд чиз аз дорухона ба берун баромадам. Ба мошинаам чор-панҷ тир заданд. Аз паҳлӯ, аз пеш, аз болои мошин. Худо нигоҳ дошт”- қисса кардааст Исматулло ба “Радиои Озодӣ”
Тавре ки манбаъ мегӯяд, мошини ин ҷавонмарди тоҷик зери тирборон қарор гирифта бошад ҳам, хушбахтона худаш зарар надидааст, вале дар қатори Исматулло Сафаров садҳо тоҷикони дигар дар ин кишвари ҷангзада қарор дошта, қисме аз онҳо ба минтақаҳои наздик ба марзи Лаҳистон фирор мекунанд. 30 нафар донишҷӯён ва муҳоҷирони тоҷик аз Днепр ба вилояти Лвови Украина, ки бо Полша ҳаммарз мебошад, гузаштаанд. Яке аз донишҷӯёни тоҷик бо номи Саидҷон тафсилоти ин сафари пурхатарашонро қисса карда, гуфтааст, шаби гузашта вақте, ки мо аз Днепр бо ҳазорон украинӣ ба самти Лвов ҳаракат мекардем, дар роҳ ба поезд чанд тир расид. Чароғҳои қатораро хомӯш карда, аз мусофирон низ хоҳиш кардаанд, ки барои амнияи худ телефонҳои мобилиашонро хомӯш намоянд.
Дилшод, як донишҷӯйи дигар тоҷик аз кор накардани банкоматҳо шиква намуда гуфтааст, ки пулашон тамом шудааст, дар кортҳои худ пул доранд, вале банкоматҳо фаъол нестанд...
Хулоса, тоҷиконе, ки дар Украина таҳсил ва ё кор мекарданд, ин шабу рӯзҳо қатори мардуми ин сарзамин ба гирдоби мушкилӣ ва ранҷу азобҳо гирифторанд.
Мардум талош менамоянд, ки тарки ин сарзамини ҷангзада намуда, ба кишварҳои дигар паноҳ баранд. Шумораи паноҳандагон аз Украина аллакай ба 120 ҳазор нафар расида, онҳо асосан ба Лаҳистон, Руминия, Молдова ва Маҷористон паноҳ бурда истодаанд, вале маълум нест, ки дар байни гурезаҳо тоҷикон ҳастанд ё не.
Айни замон сафорат шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки мехоҳанд аз Украина берун раванд, номнавис мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД