Мошини хидматии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишери Мирзонабот ҳангоми аз шаҳри Душанбе ба Бадахшон баргаштан дар мавзеи Яхчи Сори Дарвоз ба дарё сарозер шудааст.
Тибқи овозаҳо, ин ҳодисаи нохуш имрӯз, 17-уми июн рӯй дода, дар дохили мошин ба ғайр аз ронанда худи Алишер Мирзонабот ва ҳамсару як фарзандаш ҳам будаанд. Гуфта мешавад, ки мошин баъди 10 дақиқаи сарозер шудан ба дарё нопадид гаштааст.
Аммо ҳукумати ВМКБ аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карда, ВКД низ онро тасдиқ ё инкор накардааст.