Arzon march 2024
Мошинҳои сайёр танҳо дар Душанбе аст
261

 

Дар шаҳри Душанбе 19 мошини сайёр аз ҷониби “Тоҷикматлубот” ба сокинон хизмат мерасад. Ҳамасола захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад. Вобаста ба ҷамъоварии маҳсулот дар минтақаҳо кормандони Тоҷикматбулот сафарбар карда мешаванд ва дар сардхонаҳо ва ҷойҳои махсуси нигоҳдорӣ нигоҳ дошта мешавад.

Раҳмонализода Хуршед, муовини раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот дар нишасти хабарии имрӯза ин нуқтаро ба хабарнигорон иро намуда, илова кард, ки чунин мошинҳо танҳо барои ҳудуди шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст. 

Номбурда илова кард, ки оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ҳамаи анбору сардхонаҳо то оғози захираи маҳсулоти кишоварзӣ таъмир ва омода  карда мешаванд ва бо лавозимоти зарурӣ таъмин мегарданд.

“Барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ 41 анбор дар масоҳати 38041 метри мураббаъ ва 3 сардхона барои нигаҳдории 2100 тонна маҳсулот фаъолият менамоянд. Иттифоқи Тоҷикматлубот дар ихтиёри худ 2723 гектар замин дорад, ки аз он 248 гектараш заминҳои корам мебошад. Ин заминҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Ҳисор, Рӯдакӣ, Файзобод, Рашт ва дигар ноҳияҳо қарор дорад, қайд кард Раҳмонализода.

Барои беҳтар намудани базаи моддӣ-техникӣ ва фароҳам овардани шароити корӣ, дар нимсолаи аввал, бо маблағи 528 ҳазор сомонӣ техникаҳои муосир харидорӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД