arzon replenishment
Мотам дар хонаи Лоиқ Шералӣ
398

 

Қоришарифи Шералӣ, шикастабанди маъруфи водии Зарафшон ва бародари шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бораи наздикони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. 

Марҳум Қоришарифи Шералӣ хатмкардаи Омӯзишгоҳи педогогии шаҳри Панҷакент буда, солҳо дар деҳаҳои Мазору Ғӯсар омӯзгорӣ кардааст. Касби авлодӣ, яъне шикастабандиро мерос гирифта, дар водии Зарафшон обрӯманд буд.

Қоришарифи Шералӣ хотироти хешро дар бораи бародараш Лоиқ Шералӣ навиштааст, ки он таҳти унвони “Фарёди дилфигор” нашр шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД