Formula 2025 may
Моҳвораи ҷавонон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон
07.05.2025
Oila.tj
139

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон моҳвораи ҷавонони донишкада бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон оғоз гардид.

Зикр гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишварамон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба тараққӣ ниҳода, таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон сол аз сол афзун мегардад.

Наврӯз Саидов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада иброз дошт, ки ин чорабинии бошукӯҳ маҳз ба хотири сарҷамъиву тифоқии ҷавонон ташкил карда шудааст. Аз ин рӯ, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар замони зудтағйирёбанда ва авҷ гирифтани гурӯҳҳои манфиатхоҳ ҷавонон, махсусан, донишҷӯёнро лозим аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар саҳмгузор бошанд.

Бояд гуфт, ки дар доираи моҳвораи ҷавонон бо дастури ректори донишкада дар Боғи Куруши Кабир ва гулгашти рӯ ба рӯи муассиса давоми як ҳафта дарсҳои рассомӣ дар фазои кушод баргузор мегардад.

Дигар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассиса идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД