Марде, ки қади ӯ ҳамагӣ 122 сантиметр аст, баъди издивоҷ бо дӯстдоштааш - зани қадбаланди 163-сантиметра таҷрибаи худро дар бораи шиносоӣ ва муносибатҳо нақл кард.
Қиссаи Тимоти Муту ва Анита Винг Ли баъди паҳн шудани видеои тӯяшон дар интернет маъруф шуд. Онҳо соли 2021 шинос шуда, аввал ҳамчун дӯст муносибат доштанд ва баъдтар ин дӯстӣ ба муҳаббат табдил ёфт. Соли 2025 онҳо расман номзад шуданд.
Ба гуфтаи Тимоти, калиди асосии муваффақияти муносибаташон муоширати оддӣ ва дӯстона, бидуни фишор ва интизориҳои зиёдатӣ буд. Ӯ мегӯяд, ки аввал танҳо мехост бо Анита дӯст шавад ва умуман нақшаи муносибати ҷиддиро пешакӣ тарҳрезӣ накарда буд. Маҳз ҳамин равиши ором ба ӯ эътимод бахшид.