Arzon march 2024
Муҳаррама Шарифова: Нигина Рауфова дар қалби ман аст!
611



                            Равзана
Шарифова Муҳаррама дар деҳаи Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аз соли 1989 сарояндаи ансамбли «Дарё»-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Беш аз 110 суруду таронаҳояшро дар хазинаи тиллоии телевизион ва радио сабт кардааст.

Дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок мекунад. Ба давлатҳои узви ИДМ, Туркия ва Қатар сафари ҳунарӣ карда, санъати овозхонии тоҷикро муаррифӣ намудааст. Барои хизматҳои бисёрсолааш дар соҳаи санъат соли 1999 бо "Ифтихорнома"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2006 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

-Рӯзи Муҳаррама чӣ гуна оғоз мегардад?

-Субҳ аз хона бо меҳру муҳаббати зиёд роҳ пеш мегирам ҷониби Кумитаи дастаи ҳунарии ”Дарё”. Шояд бархеҳо ба ҷои кор аз маҷбурӣ раванд, аммо ман бо як самимияти хоса ба кор меравам. Корамро дӯст медорам, аз ин рӯ, аз таҳти дил аз пайи фаъолият мешавам. Ба ҷуз сурудхонӣ боз ба овозхонҳои ҷавоне, ки он ҷо ҳастанд, кӯмак мерасонам. Баъди анҷоми кор дар “Дарё” ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон мешитобам. Солҳои зиёдест, ки дар он ҷо ба ҳайси омӯзгор ва иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедра ба тарбияи ҷавонони эҷодкор машғулам. Ростӣ, ин корамро ҳам хеле дӯст медорам. Кӯшиш мекунам, ҳар чизе, ки дар гузашта аз устодони бузург омӯхтам, ба шогирдон омӯзонам. Барои ҳунарманд шудан ва дар саҳнаҳои калон баромад кардан, сарояндаи ҷавон бояд сараввал сурудҳои пешинаро омӯзад, тамрин кунад ва ба эҷоди сурудҳои нав пардозад. Он гоҳ муваффақ мешавад. Барои ба ин марҳила расидан ман душвориҳои зиёдеро паси сар кардаам.

-Мегӯянд “захмае мебояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хоб”, кӣ ё чӣ сабаб гардид, ки шумо маҳз ҷодаи ҳунарро интихоб намудед?

-Меҳру муҳаббат ба ҳунар маро ба ин ҷода овард. Бо дуои падару модар, аҳли хонавода ва дастгирии устоди даврони мактабиам Сафаралиев Абдуғаффор, ки роҳбари куржокҳои худфаъолияти мактаб буданд, ба ин ҷода қадам гузоштам. Ин овон ман навохтани асбоби миллии думбраро аз падарам Шарифи Азиз ва бародаронам акаи Аъзам ва Акбар омӯхтам. Имрӯз ифтихор мекунам, ки шогирди ҳунарманди нотакрор Нигина Рауфова ҳастам. Маҳз муҳаббат ба садои апаи Нигина маро ба ин ҷода овард. Сурудҳои эшонро гӯш кардаву матнашонро дар дафтар рӯбардор мекардам ва баъдан худам месароидам. Вақте вориди дунёи ҳунар шудам, маро Нигина Рауфова ва Саидқул Билолов дастгирӣ карданд. Баъдан аз ҳунари волои Лолаи Азиз, Абдуллои Султон, Қурбоналӣ Абдуллоев, Назриддин Неъматуллоев ва мутрибони чирадаст аз қабили Муборакшо Ҷумъаев, Гулибек Саодатов, Хайриддин Саидов, Баҳром Қодиров, Нуралӣ Шерматов ва дигарон илҳом гирифта, душвориҳои санъатро пушти сар кардам. Имрӯз бо ҳамроҳии роҳбари нави дастаи "Дарё" мутриб ва оҳангсози машҳури Фаронса Закир кору фаъолиятро давом дода истодаам.
-Чаро маҳз сабки халқиро пеш гирифтед?
Тавре гуфтам, шогирди апаи Нигина ҳастам ва аз кӯдакӣ мухлиси фалаксароии устод Одина Ҳошим будам. Таъсири ин устодон буд, ки сабки халқиро пеш гирифтам. Фикр мекунам, ки таронаҳои халқӣ бештару беҳтар дар дили мардум ҷой мегиранд. Дар сабки таронаҳои халқӣ сурудхонии ман бесабаб нест, чун ин сабк хеле дилнишин аст.

-Агар меҳру муҳаббат нисбати Нигина Рауфова намешуд, касби дигарро пеш мегирифтед?

-Дар зиндагӣ ҳар инсон барои худ идеал дорад ва ман апаи Нигинаро идеали худ медонистам. Ҳамаи сурудҳои он касро тақлид кардам, то он даме, ки ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо дохил шудам. Соли сеюми донишҷӯӣ дар яке аз маҳфилҳои донишкада, ки устод Фатоҳ Одина меҳмон буданд, ман бо дархости муаллимаи азиз Қосимова, ки аз фанни педагогика ба мо дарс мегуфтанд, ду суруди Нигина Рауфоваро хондам. Устод ба сурудхонии ман баҳои баланд дода гуфтанд, ки ман дар ин маҳфил боз як истеъдоди навро пайдо кардам ва баъди як сол коргардони филми “Ашк ва Шамшер“ Тоҳир Собиров ва оҳангсоз Фатоҳ Одина маро барои сурудан дар ин филм интихоб карданд. Ман то он замон ба апаи Нигина тақлид макардам, вале Тоҳир Собиров ба ман гуфтанд, ки “Муҳаррама ту бисёр садои тоҷикона дорӣ, истеъдоди хуби овозхонӣ дорӣ, кӯшиш кун дар ҷодаи санъат роҳи худро пайдо намоӣ”. Ин гуфтаи устод ба ман таъсири зиёд кард ва ман баъд аз ин кӯшиш кардам, ки роҳи худро дарёбам. Апаи Нигина дар дили ман ҳамеша зинда аст ва ман ба ӯ бисёр эҳтиром дорам.

-Чаро имрӯз барои поси хотир сурудҳои Нигина Рауфоваро бозхонӣ намекунед?

-Имрӯз барои ҳунармандон чандон фарқ надорад, ки суруд моли кӣ аст. Ҳунарманд дар ҳамон зал нишастааст, вале сарояндагон сурудҳои он нафарро месароянд. Бо вуҷуди бо ҳам наздик буданамон, апаи Нигина ягон бор сурудҳои худро аз ман нашунид. Мо ҳамроҳ будем, ҳамроҳ кор мекардем, ба базму маъракаҳо мерафтем, аммо ман дар назди ӯ аз суруд хондан бисёр шарм медоштам, хусусан аз сароидани сурудҳои худашон. Ман метавонистам аз эҷодиёти дигарон сароям, вале аз апаи Нигинаро наметавонистам. Имрӯз сурудҳои ӯро ба шогирдонам меомӯзонам. Ҳар нафаре, ки сурудҳои Нигина Рауфоваро мехонад, намехоҳам сурудро тағйир дода сарояд. Мехоҳам мактаби ӯро зинда нигоҳ дорам.

Апаи Нигина устоди соҳибмактаб буд. Як баҳор бо дархости дӯстон суруди “Резаборон”-ро сароидам, вале намедонам аз чӣ бошад, худ онро қабул карда наметавонам. Дар маҷмӯъ хаёл мекунам, ки сурудҳои он касро то ба ҳадди худашон хонда наметавонам. Шояд солҳои баъд сароям...
-Чун сухан сари бозхонии суруд рафт, мехоҳед сурудҳои шуморо бозхонӣ кунанд?

-Мехоҳам, агар пурсанду баъд бисароянд. Ягон овозхон намехоҳад сурудашро нопурсида сароянд. Аслан пурсидан ин худ як эҳтиром аст. Вақте сароянда як сурудро хонд, ӯ ба он суруд ҳаққи муаллифӣ дорад, новобаста аз он, ки шеър аз кӣ аст, оҳанги кӣ аст.

-Мегӯянд шумо ҳамеша оҳангҳоятонро зинда месароед?

-Бале, шояд сабаб дар он бошад, ки ман ҳамон фонограммаҳоеро, ки дар сатҳи талаботӣ ҷомеаи имрӯз аст, надошта бошам. Сабаби дигар ҳамин аст, ки ман аз бо фонограмма хондан шарм медорам. Аммо замона дар тағйирот аст, шояд дар оянда истифода барам. Аслан ҳаст маҳфилу консертҳое, ки фонограммаро талаб мекунанд.

-Фаъолияти имрӯзаи дастаи ҳунарии "Дарё" чӣ гуна аст?

-Имрӯз фаъолияти ин ансамбл хело хуб пеш меравад, зеро дар он сарояндагони боистеъдод аз қабили Ҷовидон Нозимов, Нигина Амонқулова, Холиқназар Аловатов, Соҳиба Давлатшоева, Амирон Ёдгор, Наврӯз Алӣ, Зокир Сафаров, Нозанин Шарипова ҳунарнамоӣ мекунанд, ки сурудҳояшон бештар тараннумгари ватану ватандорӣ мебошанд. Масалан, таронаи "Решапайванд", ки соле қабл бо шеъри Сулаймон Акрам ва оҳанги Фатоҳ Закир, дар иҷрои ҳунармандони ин даста сароида шуд, насли наврасро дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯсту тарбия менамояд.

-Баҳри мухлисон чӣ навгоние доред?

-Се суруди нав дорам, ки чанд муддати охир масруфи таҳияи он ҳастам. Яке аз он суруди модар буда, барои худи ман бисёр писанд аст. Ба наздикӣ китоби Субҳон Ҷалилов “Шасту як алами бе модарӣ” ба дастам расид, ки шеърҳояш беҳтаринанд. Ман аз он чор рубоиро интихоб карда, ба оҳанг даровардам. Фикр мекунам бо ин дар рӯйхати сурудҳоям як суруди беҳтарини дигар зам гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД