Муҳиддин Асадуллоев - беҳтарин варзишгари сол аз рӯйи версияи FORMULA55
17.02.2026
Oila.tj
44

Ширкати Formula55 натиҷаҳои мавсими варзишии соли 2025-ро ҷамъбаст намуда, маросими «Беҳтарин варзишгари соли 2025»-ро бо иштироки варзишгарон, мураббиён, намояндагони федератсияҳо ва ҷомеаи варзишӣ баргузор кард.

2_56

Ин маросим аз соли 2010 инҷониб баргузор карда мешавад, ҳар сол беҳтарин намояндагони соҳаи варзишро қадрдонӣ менамояд. Ҳадафи асосии он — эътирофи заҳмати варзишгарон, дастгирии истеъдодҳои нав ва рушди варзиш дар кишвар мебошад.

Дар номинатсияи «беҳтарин варзишгарони ҷавонон ва ояндадор» шомил шуданд.

Ояндаи варзиш аз ҷавонони имрӯз вобаста аст. Дар соли 2025 унвони варзишгарони ояндадор ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 555 сомонӣ насиби Раҷабов Муҳаммадӣ ва Аҳмади Фатҳиддин гардид. Онҳо бо натиҷаҳои баланд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ исбот карданд, ки варзиши тоҷик дорои захираи пурқуввати насли нав мебошад.

5_30

Номинатсия «Мураббии сол»

Ғолиби номинатсияи «Мураббии сол» Муртазо Носиров эълон гардид. Саҳми ӯ дар омодасозии варзишгарони сатҳи байналмилалӣ назаррас буда, фаъолияти пайгиронааш намунаи масъулият ва касбияти баланд арзёбӣ шуд. Маблағи мукофотпулӣ 5 555 сомониро ташкил дод.

3_51

Дигар номинатсияҳо

Дар доираи маросим як қатор варзишгарони барҷаста бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Ба ин рӯйхат Хусравхон Раҳимов, Яасмин Ан-Нимр, Баҳодур Усмонов, Обид Ҷебов, Нуриддин Ҷабборов ва Давлатманд Одинаев шомил гардиданд. Ҳар яки онҳо бо натиҷаҳои назаррас дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саҳми худро дар рушди варзиш гузоштаанд.

4_45

Ҷоизаи асосӣ

Лаҳзаи асосии шом эълони «Беҳтарин варзишгари соли 2025» буд. Ин унвон ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 55 000 сомонӣ ба Муҳиддин Асадуллоев тақдим гардид. Ӯ бо пирӯзиҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва бо маҳорати баланд ба рамзи ирода, устуворӣ ва рӯҳи ҳақиқии варзишгарӣ табдил ёфтааст.

9_9

Натиҷа ва паём

Ҷоизаи имсола бори дигар нишон дод, ки варзиш дар кишвар босуръат дар ҳоли рушт қарор дорад. Истеъдодҳои ҷавон бо эътимод қадам мегузоранд, мураббиён насли навро тарбия мекунанд ва варзишгарони пешсаф натиҷаҳои арзанда дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд.

6_23

Маросими ҷоизасупории «Беҳтарин варзишгари соли 2025» аз рӯйи версияи Formula55 на танҳо як чорабинии тантанавӣ, балки рамзи эътирофи заҳмат, садоқат ва талош барои пирӯзию муваффқиятҳои нав ба нав мебошад.

7_12

8_11

10_4

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД