Муҳиддин Асадуллоев ҷоизаи Федератсияи ҷаҳонии ҷудоро соҳиб гашт
82

Ҷавонпаҳлавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев ба дарёфти ҷоизаи "Ситораи дурахшони дар ҳоли тулуъ"-и соли 2025-и Федератсияи ҷаҳонии ҷудо сазовор гашт. Ӯ яке аз беҳтарин варзишгарони ҷавони кишвар дар ин риштаи варзиш мебошад.

Муҳиддин Асадуллоев дар ҷашнвораи ҷаҳонии ҷудо барои ҷавонон, ки рӯзҳои 5-7-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Лимаи Перу баргузор гашт, ғолиб омада, сазовори медали тило гашта буд. Муҳиддин дар даври финалӣ дар вазни то 73 кг бар ҷудокори ҷопонӣ Рюсей Аракава пирӯзӣ ба даст овард. Ин яке аз муҳимтарин дастовардҳои паҳлавони тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Асадуллоев дар мусобиқаи сатҳи байналмилалии Dushanbe Grand Slam низ медали тило ба даст оварда, шарафи варзишии кишварро ҳимоя намуд.

Дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2026 (Фаронса), ки дар ҷараёни Ҷоми ҷаҳонии дзюдо баргузор гашт, Муҳиддин Асадуллоев сазовори медали биринҷӣ гардид.

Асадуллоев ҳамчун ҷудокори умедбахш ва яке аз пешрафтатарин ҷавонони ҷудои Тоҷикистон шинохта шуда, дар мусобиқоти ҷаҳонӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД