Додгоҳи ноҳияи Кизляри Доғистон як муллоро барои куштори ҳамсари дуюмаш ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ба иттилои расонаҳо, мард занро аз рӯи рашк бӯғӣ карда, сипас ҷасади ӯро пинҳон кардааст.
Тибқи иттилои нашрияи «Кавказский узел», ҳодиса шоми 13-уми декабри соли 2025 рух додааст. Гумонбар, ки қаблан имомхатиби яке аз масҷидҳои ноҳияи Тарумовский будааст, бо кӯдаки шашмоҳа ва фарзандонаш аз издивоҷи дигар ба хонаи зани 35-сола омадааст. Дар пайи муноқиша миёни онҳо мард занро бӯғӣ кардааст. Сипас, ӯ ҷасадро ба канори яке аз деҳаҳои ноҳияи Тарумовский бурда, дар канал шуста, ба рӯйпӯше печонида ва дар хок гӯр кардааст.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, зан модари чор фарзанд буда, қаблан низ мавриди латукӯби шавҳараш қарор мегирифтааст. Пас аз ҳафт ҳафтаи ҳодиса мард тасмим гирифтааст, ки худро ба мақомоти тафтишотӣ таслим кунад. Аввали моҳи феврал додгоҳ нисбат ба ӯ ҳабси пешакӣ таъин карда буд. Дар ниҳоят, додгоҳи ноҳияи Кизляр ӯро ба 9 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум намуд.