Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз ситонидани беш аз 1 миллион рубл қарзи маоши як муҳоҷири меҳнатии тоҷик аз як корхонаи хусусӣ дар Русия хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки моҳи майи соли равон ин муҳоҷири тоҷик ба намояндагӣ муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки дар як ширкати хусусӣ кор мекунад, вале чанд моҳ боз музди меҳнаташро пардохт намекунанд. Кормандони намояндагӣ бо роҳбарияти ширкат дар тамос шуда, талаб кардаанд, ки музди меҳнати муҳоҷири тоҷикро пардохт намоянд.
Бино ба иттилои “Спутник”, корфармоёни рус рӯзи 29-уми май қарзи музди меҳнатро ба пуррагӣ пардохт намуда, ба ин муҳоҷири тоҷик 1 миллиону 65 000 рубл додаанд, аммо дар хабар ному насаби муҳоҷир ва номи ширкат оварда нашудааст.
Намояндагӣ муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро, ки дар Русия кор мекунанд, ҳушдор додааст, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии худ ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ баста, нусхаи аслии онро бо худ нигоҳ доранд.
Барои гирифтани маълумот дар бораи ҷойҳои кории мувофиқ ва ситонидани музди пардохтнашудаи меҳнаташон муҳоҷирони тоҷик метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Чаянова, 3/40 воқеъ гаштааст, муроҷиат намоянд.
Телефонҳо: +7 (967) 271-02-02, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (926) 586-03-00.
WhatsApp ва Telegram: +7 (999) 912-58-68.
Соатҳои корӣ: аз 09:00 то 18:00.
Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ:
Дар Қазон: +7 (994) 100-95-59
Дар Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69
Дар Сибири Ғарбӣ (Новосибирск): +7 (901) 344-77-77
Дар округи федералии Сибири Шарқӣ (Иркутск): +7 (929) 388-54-11
Дар округи федералии Урал (Екатеринбург): +7 (999) 341-45-99
Дар Шарқи Дур (Хабаровск) +7 (909) 809-55-48
Дар Ҷумҳурии Саха (Якутия) +7 (924) 463-55-19
Почтаи электронии намояндагӣ: prmstj@mail.ru