formula
Муҳоҷирон аз намози ҷамоат озоданд?
402

Ман дар Сибир кору зиндагӣ мекунам. Ин ҷо ҳаво ҳамеша сард аст. Ин шабу рӯз сардӣ ба 40 дараҷа мерасад. Чун дар ошхона кор мекунам, намозамро кӯшиш мекунам, ки ҳамин ҷо хонам ва ба намози ҷамоат намеравам. Оё сардӣ далели шаръӣ барои тарки намоз буда метавонад?

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Намози ҷамоъат дар масҷид бар мардони тавонманд воҷиб аст, зеро далелҳои зиёде бар он далолат мекунад. Суннат далолат мекунад, ки касе, ки дар хона намоз бихонад ва намози ҷамоъатро дар масҷид нагузорад, агар бо сабаби узр бошад, ҳеҷ боке надорад. Аммо ривоят аст, ки Паёмбари Ислом (с) фармудааст:
«Касе ки азонро бишнавад, вале ба масҷид наояд, намози ӯ пазируфта намешавад, магар ин ки узре дошта бошад».

Агар бо пӯшидани либосҳои зиёд, гармкунакҳо, рафтан ба масҷид бо мошин ва ғайра аз хунукӣ парҳез карда нашавад ва битарсед, ки агар ба намоз бароед, бемор мешавед, пас он барои тарк намудани намози ҷамоъат узр ҳисобида мешавад. Аммо аз хунукӣ парҳез карда шавад ва бими гирифторӣ ба беморӣ набошад, пас ин чиз барои тарк намудани намози ҷамоъат узр ҳисобида намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД