formula
Муҳоҷирон ба Тоҷикистон 1, 7 миллион рубл интиқол доданд, вале....
4101


Забони русӣ ба муҳоҷирон кӯмак мекунад, ки дар Русия беҳтар кору зиндагӣ кунанд. Владимр Путин, президенти Русия ин нуқтаро дар вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон қайд кардааст.

Путин мегӯяд, донистани забони русӣ, роҳи боэътимоди мутобиқ шудан ба зиндагӣ дар кишвари рус аст. Президенти Русия ҳамчунин ба таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба забони русӣ дар Тоҷикистон ишора кардааст.
"Имрӯз ҳудуди як миллион нафар аз Тоҷикистон дар Русия умр ба сар мебаранд ва ба таври муваққат кор мекунанд", - гуфтааст сарвари Русия Владимир Путин.
Ба гуфти ӯ, дар соли 2020 муҳоҷирон аз ҷумҳурӣ ба ватани худ ҳудуди 1,7 миллиард доллар интиқол додаанд. Ин дар ҳолест, ки бар асари пандемияи коронавирус шумораи коргарони хориҷӣ дар Русия ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.


Раҳбари Русия гуфт, мушкилоти марбут ба ҷараёни муҳоҷират ҳалли худро барои дастгирии иқтисод ва аҳолии Тоҷикистон тақозо мекунад. Путин ҳамчунин афзуд, ки донистани забони русӣ барои муҳоҷирон натанҳо барои кор дар Русия, балки барои худро роҳат эҳсос кардан, кӯмак мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД