Commerc banl
Муҳоҷирон метавонанд бо 240 сомонӣ дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаранд
111

Тибқи Созишномаи наве, ки ба тозагӣ ба тасвиб расид, минбаъд муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд қабл аз сафар ба Русия дар Тоҷикстон аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни ҷаласаи парлумон гуфтааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ акнун бо пардохт намудани 240 сомонӣ аз муоинаи тиббӣ барои гирифтани патент дар Тоҷикистон гузашта метавонанд.

Ёдрас мешавем, ки дар Федератсияи Россия гузаштан аз ташхиси тиббӣ яке аз талаботҳои асосӣ барои гирифтани иҷозатномаи кор, яъне патент мебошад. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик то ин замон дар худи Россия аз ташхиси тиббӣ мегузаштанд.

Барои аз ташхиси тиббӣ гузаштан дар Русия муҳоҷирон ҳудуди 8-10 ҳазор рубли русӣ сарф менамуданд, ки беш аз 1000 сомониро ташкил медод.

“Агар шаҳрванди Тоҷикистон бидуни пешниҳоди маълумот дар бораи вазъи саломатиаш ба Русия сафар кунад ва мубталои ВНМО ва ё касалии сил буданаш пас аз муоинаи тиббӣ дар он ҷо ошкор шавад, депортатсия карда мешавад”,- гуфтааст Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД