Думаи давлатии Русия ба қонунгузории муҳоҷиратии ин кишвар ислоҳоте ворид карданист, ки аз комиссяи тиббӣ гузаштанро барои муҳоҷирони меҳнатӣ душвортар месозад. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар саҳифаи Telegram хабар додааст.
Ба гуфтаи Володин, муҳлати муоинаи ҳатмии тиббӣ барои тамоми шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба муддати беш аз се моҳ ба Федератсияи Русия меоянд, аз 90 то 30 рӯз кӯтоҳ карда мешавад. Муассисаҳои тиббӣ муваззаф мегарданд, ки маълумотҳоро дар бораи ошкор шудани ягон бемории сироятии хавфнок дар муҳоҷирон ба Вазорати корҳои дохилии Русия ва “Роспотребнадзор” фиристанд. Муҳоҷироне, ки ба бемориҳои сироятӣ гирифторанд, дар асоси ҳамин маълумотномаҳои тиббӣ ба таври фаврӣ аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешаванд. Дар сурати саркашӣ намудан аз муоинаи тиббӣ муҳоҷирон ҷарима баста мешаванд ва бо қарори суд онҳоро аз қаламрави Русия ихроҷ карда метавонанд.
Пешниҳод шудааст, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ барои сохтакории ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва пешниҳод намудани маълумотномае, ки мавҷуд набудани ягон бемории сироятии барои дигарон хавфнокро дар шахси дар асл бемор тасдиқ мекунад, сахттар карда шавад.
"Тадбирҳои пешниҳодшуда ба таҳкими назорат аз болои муҳоҷирон ва таъмини бехатарии саломатии аҳли ҷомеа нигаронида шудаанд",- хулоса кардааст раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин.