Arzon march 2024
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия имсол намози идро дар хона мехонанд
1044

 

Ба мусалмонон дар Русия тавсия додаанд, ки имсол дар Иди Саиди Фитр намози идро дар хонаҳояшон гузоранд. Дар ин бора Газета.ру хабар додааст.

“Масъулини ҳукумати шаҳри Маскав ба мусалмононе, ки дар қаламрави Россия кору зиндагӣ мекунанд, тавсия додааст, ки имсол намози идро дар рӯзи Иди Саиди Фитр дар хонаҳояшон гузоранд”,-навиштааст манбаъ.

Гуфта мешавад, ки Департаменти сиёсати миллӣ ва робитаи байни миллатҳо дар Россия ба масъулини ҳукумати шаҳри Москва номаи расмӣ фиристода, хоҳиш кардааст ба мусалмонон расонанд, ки бо сабаби ҳодисаҳои нохуши охир имсол маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешаванд ва намози идро дар рӯзи Иди Саиди Фитр дар хонаҳояшон гузоранд. Рафти намози ид ба таври онлайн намоиш дода мешавад.

Муҳоҷирони меҳнатӣ, махсусан онҳоеро, ки аз кишварҳои Осиёи Миёна ҳастанд, тавассути корфармоён огоҳ менамоянд, ки намози идро на дар масҷидҳои ҷомеъ, балки дар хона гузоранд.

Ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо дар гузаронидани намози ид дар рӯзи Иди Саиди Фитр дар масҷидҳои ҷомеъ ба ҳодисаи нохуши охир, ки дар Крокус Сити Холл рӯй дод, алоқамандӣ дошта, ҳадаф пешгирӣ кардани чунин рӯйдодҳои ваҳшатнок мебошад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан намози ид дар Русия бо риояи тамоми қоидаҳо дар масҷидҳои калони Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия мегузашт. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД