Formula september
Муҳоҷирони тоҷикро дар Ватан бо кор таъмин мекунанд?
773


Муҳоҷирати меҳнатӣ ба як ҷузъи зиндагии мардуми тоҷик табдил ёфта, ҳамасола садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон ба хотири дарёфти ризқу рӯзии худу аҳли хонавдаашон ва пайдо кардани ҷойи кор ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Ба хотири ҳалли ин масъала дар ҷумҳурӣ марказҳои махсусе бунёд карда мешаванд, ки мушкили муҳоҷиронро осон хоҳанд кард...
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади коҳиш додани ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ва кӯмак ба ҷавонон дар дарёфти ҷойи кори муносиб дар Ватан дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ Марказҳо махсуси хизматрасонӣ ба муҳоҷиронр бунёд менамояд.

Тибқи иттилои АМИТ “Ховар” марказҳои мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бо кор таъминшавӣ» ба истифода дода мешаванд.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар бинои Маркази хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳри Бохтар идома доранд. Бинои маркази мазкур тибқи лоиҳа 3- ошёна буда, аз ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, 3 ҳуҷраи машваратӣ, толори бисёрвазифавӣ, 8 синфхонаи махсус, толори тренингҳо, ҳуҷраҳои кории роҳбарият, омӯзгорон ва дигар кормандон, китобхона, ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои техникӣ иборат мебошад.

Ногуфта намонад, ки дар назди марказ устохонаи таълимӣ барои касбҳои пардозгар, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ сохта шуда, пурра бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд.
Дар марказҳои хизматрасонӣ бо муҳоҷирон вобаста ба баланд бардошти сатҳи саводнокӣ дар соҳаи ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳимояи манфиатҳои қонунии онҳо машғулиятҳо гузаронида шуда, муқаррароти асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии дахлдор омӯзонида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД