Oila 5 years
МУРДАФУРӮШ (ҚИСМИ 2)
06.01.2021
ОИЛА
4147

ИДОМААШ...
-Амаки Назир, мо аслан хешу таборем, солҳои сол нону намаки якдигарро хӯрда дар як деҳ зиндагӣ мекунем. Ман писари шуморо хуб мешиносам ва гумон мекунам, ки Аҳмад барин ҷавонмарди босаводу хушодоб зеби домод шудан дорад. Ман сад бор розӣ, зеро мехоҳам хоҳари ягонаам ба ягон решаю кундаи худамон расад, аммо гап дар даҳони модараму хоҷарам аст. Ҳозир бо онҳо маслиҳат мекунам, агар розӣ бошанд, нон мешиканем.

Амаки Назирро аз ин гуна ранг гирифтани сӯҳбат сараш ба осмон расиду Носир барои маслиҳат кардан берун баромад. Дили кампири Руқия низ ба хешии ҳамдеҳаи ростқавлу хушрӯзгораш мекашиду модару писар ба хонаи дигар назди Латифа даромаданд.

-Латифаҷон, амаки Назир барои писараш Аҳмад хостгорӣ омадааст, мегӯяд, ки пас аз тӯй келину писараш дар шаҳр зиндагӣ мекунанд. Аҳмад бачаи хубу ояндадор аст, агар розӣ бошӣ, хостгорҳоро ноумед накунем,- бо меҷрубонӣ гуфт Носир.

Латифа шӯхиҳои дирӯзаи Аҳмад ва нигоҳи пурҳаваси духтарони деҳаро ба қаду бозуи зебояш ба хотир оварда, оҳиста пичиррос зад:

-Худатон медонед акаҷон!

Носир, ки бисёр мехост риштаи ҷаёти хоҳараки азизашро бо ягон ҷавони хуби ҳамдеҳааш пайвандад, хурсандона Латифаро ба оғӯш кашида аз пешонияш бӯсид. Кампири Руқия, ки дар давоми омаду рафти хостгорони бешумор бори аввал оҳанги ризоиятро дар овози духтараш эҳсос мекард, Худоро шукр гуфта аз ҷояш хест.

Ҳамин тавр Латифаро бо Аҳмад фотеҳа карданд ва ин овозаи нек барқвор дар деҳа паҳн гашт. Холаи Азиза бо ифтихор кулчаҳои ширмоли фиристодаи қудояшро ба ҳаққу ҳамсоя тақсим карда мегуфт:

-Аҳмади манам бачаи андак мундак нестай, ина ай байни сад кас Латифамоҳи нозанин ӯра хуш кард!

Шодии Аҳмадро ҳадду канор набуд, ҷавони ошиқ хотири ободу зебо гузаштани тӯй ҳама корро мекард, то пул ҷамъ кунаду базми осмонкаф ороста, арӯси нозанинашро бо тантанаю сур ба хона биёрад. Волидони Аҳмад бо сад орзую ҳавас аввали моҳи сентаябр тӯйи бодабдабаи зебое ороста, ду келини хушиқболро ба хона оварданд.

                       Зиндагӣ дар шаҳр

Аҳмад ба сарвари донишгоҳ ариза навишта, соҳиби хобгоҳи оилавӣ гашт ва баъди гузаштани чиллаи арӯсиаш Латифаи нозанинро ба шаҳр овард. Ҳуҷраяки танги хобгоҷ бо ёри дилхоҳ барои ҷавони ошиқ қасри забарҷадро мемонд. Ба хотири пеш бурдани зиндагӣ Аҳмад пас аз дарс дар мактаби назди хонааш муаллимӣ мекард. Заҳматҷои зиёди шавҳарашро дида Латифа аз Аҳмад  хоҳиш намуд, ки ӯро низ дар ягон ҷо ба кор монад. Ҷавон, ки занашро аз дилу ҷон дӯст медошт, гапи Латифаро ба замин намонда хоҳишашро иҷро кард. Акнун Латифа ҷам ғоибона мехонду ҳам дар боғчаи бачагона мураббия шуда кор мекард. Зиндагиашон чунон ширину гуворо буд, ки ҳаваси пайвандон меомад.

Бародарони баномус

Кампири Руқия аз омад кардани бахти духтараш хурсанд бошад ҳам аз хонаи «катаки мурғ»-аш норозӣ буд ва мудом аз писаронаш хоҳиш мекард, ки дар ин масъала ба хоҳари ягонаашон кӯмак расонанд. «Дасту пои Латифамоҳ вазнин аст, намехоҳам набераам дар ҳамон катаки мурғи бӯгин ба дунё биёяд» оби чашм мекард кампир ҳар субҳ. Носир, ки ҷавони баномус буд, ҳамроҳи додаронаш маслиҳат карда, пули доштаашонро ҷамъ намуду назди падари Аҳмад рафт. Амаки Назирро саховати хусурбачаҳои писараш ба рикқат оварду онҷоро хотирҷамъ карда гуфт:

-Бачаҳо, шумо ташвиш накашед, Аҳмад дар навбати хона аст ва Худо хоҳад пас аз тавлиди фарзандаш хона мегирад.

Носир, ки азмаш қавӣ буд, якравӣ карда гуфт, ки албатта барои хоҳарашон ягон ҳавлича мехаранд ва танҷо дуои мӯйсафедро хост. Амаки Назир дар назди бародарони занаш муттаҳам шудани писарашро нахоста иброз дошт, ки нисфи пули хонаро худаш пардохт мекунад. Ҳамин тавр маслиҳат пухт ва Носиру падари Аҳмад ду рӯз шаҳрро давр зада, ҳавличаи зебою хушсохти марди руси ба ватанаш рахти сафар барбастаро харида ба Аҳмаду Латифа тӯҳфа намуданд. Аҳмад каме озурдахотир шуда гуфт:

-Акаи Носир, мардум солҳо дар шаҳр иҷора шишта, баъд соҳиби хона мешаванд, ману Латифа боз шаҷрӣ шудаем, худамон ягон бало мекардем…

Носир ӯро ором карда гуфт, ки зудтар ба хонаи нав кӯчанд.

                      Хонаи наву меҳмони нав

Кампири Руқия ба ҳавлии духтараш омада нафаси осуда кашид, боғчаи сабзу хуррами назди ҳавлӣ, пали гашничу пиёзу райҳон ба димоғ тароват ва ба дил ҳаловат мебахшид. Латифа, ки ба рухсатии пеш аз таваллуд баромада буд ба вазнинияш нигоҳ накарда, то нисфи шаб ба кори хона машғул мешуд. Модараш, ки барои ҳамроҳияш омада буд, ӯро мазаммат мекард, ки каме дам гирад, аммо ҷавонзани меҳнатӣ лаҳзае оромӣ надошт. Табъи Аҳмад низ болида буд ва шабҳо рӯи кати зери хавозаи ангур нишаста истироҳат мекард.

Ниҳоят моҳу рӯзи Латифа расид ва Худованд ба ӯ якбора дугоник-як духтару як писари заркокул ҳадя намуд. Зуҳрою Юсуф бо тавлидашон зиндагии ширини волидонро ширинтар намуданду ташвишашонро зиёдтар, акнун ба ёрии Латифа гоҳе янгаҳояш меомаданду гоҳи дигар хушдоману модараш.

Бо ёрии пайвандонаш тифлаконашро ду сола намуда Латифа боз ба кор баромад.

ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР БОШЕД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД