sebiston july new
МУСАЛМОНӢ БА ГУФТОР АСТ Ё КИРДОР Ё ҲАРДУ?
1244

 

Имрӯз бисёриҳо аз СССР ҳамчун як давлати атеистии бе дин, ки мардумро аз рӯзаву намозро манъ карда, ба решаи имонашон табар задан мехост, ёд мекунанд.

Дар ҳақиқат замони Шӯравӣ одамоне, ки намоз мехонданд, ангуштшумор буданд. Расман гирифтани рӯза низ мамнӯъ буд ва бо фаро расидани моҳи шарифи рамазон дар мактаб муаллимон косаи об дар даст синфхона ба синфхона гашта, рӯзаи талабаҳои рӯзадорро мехӯронданд, вале аҷибаш он аст, ки бо ин ҳама “бехудои”-и зоҳирӣ мардум аз худо сахт метарсиданд. Далел мехоҳед?

Касе инкор карда наметавонад, ки замони советӣ фоҳишагӣ, дуздӣ, авбошӣ ва куштор хеле кам буд ва аксари одамони шӯравӣ ин корҳои ҳаромро гуноҳи азим ҳисобида, ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки худ ва фарзандонашонро аз чунин амалҳои ношоиста дур нигоҳ доранд, аммо...
photo_2021-08-26_13-51-05

Замона дигар шуд ва шукри худованд, имрӯз касе зӯран рӯзаи каси дигарро намехӯронад, эътиқоди динӣ низ озод буда, одамон бидуни ягон маҳдудият намоз мехонанд, ибодат мекунанд ва ба масҷидҳои ҷомеъ рафта, аз забони уламои машҳури дин маъвиза мешунаванд. Зоҳиран ҳамаи мо нав “Мусалмони асил” шудаем, зеро панҷвақт намоз мехонем, натанҳо дар моҳи шарифи рамазон, балки рӯзҳои душанбею панҷшанбе низ рӯза медорем, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳамеша аз гӯру қиёмат ҳарф зада, чунонривояҳое меорем, ки ногуфтанӣ, вале аз чи бошад, ки рафторамон ба гуфторамон на ҳамеша мувофиқат мекунад. Иддае аз мардонамон панҷ вақт намоз хонанд ҳам, гуноҳи азим будани зиноро дидаву дониста, ҳамеша ба зану духтари мардум чашм ало мекунанд ва маъшуқабозӣ карда мегарданд, бонувоне низ ёфт мешаванд, ки сатр пӯшида ба “шикор”-и мардони пулдор мебароянд.Хок бар сари чунин мусалмону чунин мусалмонӣ!

Дарди дигари ҷомеаи мусалмонии мо куштор аст.

Худкушӣ ва куштор аз зумраи гуноҳҳои кабира ба шумор мераванд. Инро ҳар як фарди мусалмон хеле хуб медонад, вале моро чӣ бало задааст, ки имрӯз бегона он тараф истад, ба хотири дупула гап зани худро, шавҳари худро, бародари худро, хоҳари худро, ҳатто падару модари худро кордборон мекунем?!
photo_2021-08-26_13-59-52

Кор ба ҷое расидааст, ки ҳатто модар ба фарзандаш заррае раҳм накарда, бо дастони худаш кӯдаки ба дунё овардаашро мекушад! Худкуширо намегӯед, хушдоман аз бинӣ боло гап зад, келин худро ба дор меовезад! Хабари бо зани дигар ишқварзӣ кардани шавҳарашро шунида, зан ба сарашяк сатил бензин рехта, худашро оташ мезанад. Кашидани аробаи зиндагӣ каме душвор гашт, мард дар назди мушкилоти ҳаёт оҷиз монда, худкушӣ мекунад. Вақте ки калонсолони аз гӯру қиёмат бохабар чунин рафтор мекунанд, аз кӯдакон чи гила?! Меоем сари мавзӯи дуздӣ. Дар замонҳои қадим, агар шахсе вақти дуздӣ ба чанг афтад, дасташро мебуриданд, то барои дигарон дарси ибрат гардад.

Албатта ман ҷонибдорӣ чунин ҷаҳолат нестам, вале аҷиб аст, ки чаро гуноҳ будани дуздиро дидаву дониста,одамон даст ба ин амали нангин мезананд?

Биёед, ба хабарҳои охирини сомонаи ВКД як назар меандозем. Рӯзи 14-августи соли равон дар Фархор як ҷавон 24-сола гови ҳамсояашро дуздидааст. Ба ҳамин монанд боз як ҳодисаи дигари ғоратгарӣ дар ноҳияи Панҷ сар зада, ду ҷавонмарди ҳузарби 29-30сола ҳангоми говдуздӣ ба чанг афтодаанд. Як ҷавони 19-солаи истаравшанӣ бошад, дар рӯзи равшан аз пеши чашми соҳибаш чорворо дуздида бурдааст. Ҳамсоя тибқи таълимоти динӣ бар гардани ҳамсоя ҳаққи зиёде дорад. Вақте ки моли ҳамсояатро ба яғмо мебарӣ, куҷои ту мусалмон аст?! Дар бораи ғорат кардани ҷавоҳирот, пулу мол ва телефони мобилӣ ҳоҷати гап ҳам нест, зеро дуздидани пулу мол ва зару зевар дар диёри мо ба як амали маъмулӣ табдил ёфтааст, ки ҳамарӯза рӯй медиҳад. Дуздон ба дараҷае ”моҳир” ва беинсоф шудаанд, ки ба қавли мардум сурмаро аз чашми кас чунон мебаранд, ки хабар намеёбад, вале саволи мубрам ин аст, ки чаро мо зоҳиран бисёр парҳезкору худопараст шуда, ботинан он қадар аз худои худ дур шудаем, ки мижжа назада, даст ба гуноҳҳои азим мезанем?!
photo_2021-08-26_13-51-17

Ҳар рӯз дуздӣ, ҳар ҳафта куштор, ҳар моҳ худкушӣ! Худоё, ин чи навъ мусалмонист, ки рӯзе панҷ вақт сар ба саҷда бурда,пойи бо таҳорат бо Офаридгор роз бигӯиву баъдан даст ба зино бизанӣ, шахси бегуноҳеро ба қатл расонида, хуни ноҳақ бирезӣ ё ба хотири чор сум пули ҳаромдаст ба дуздиву ғоратгарӣ зада, моли касро аз худ намоӣ?!

Эҳтимол иддае эътироз намоянд, ки на ҳама қотилу зинокору фоҳишаву дузду ғоратгарон намоз мехонанду рӯза медоранд, вале гап дар бораи ин ё он шахси алоҳида не, дар бораи ҷомеаи суннатии мо меравад. Ҳудуди 90%-и аҳолӣ мусалмон аст, аммо ин амалҳои нангин ва номатлуб вақтҳои охир ба дарди ҷомеаи мо табдил ёфта истодаанд. Ба андешаи банда, вақти он расидааст, ки ба ришу сатру ҷома не, аз ин пас ба асли таълимоти ислом диққат дода, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки зоҳиран не, ботинан мусалмон шавем, охир Хоҷа Ҳофиз ба чунин амалҳои зишти афроди зоҳиран “мусалмони асил”, аммо ботинан шайтонсират ишорат намуда, фармудааст:  

Гар мусалмонӣ ҳамин аст, ки эшон доранд,

Оҳ, агар аз пайи имрӯз бувад фардое!

Мусалмонии ҷомеаи мо низ, агар фақат ба зоҳир бошад, оқибаташ албатта вой хоҳад буд...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД