Мусобиқа барои «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
03.04.2026
Oila.tj
77

5-уми апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҳафтуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.

Дар мусобиқа паҳлавонон аз рӯйи вазнҳои то 65 кг, 78 кг, 86 кг ва зиёда аз 86 кг миёни мардон, инчунин дар вазни то 70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Интизор меравад, ки варзишгарони маъруф аз зиёда аз 25 давлати ҷаҳон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ сабқат намоянд.

Ҷоизаи умумии мусобиқа 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал бо 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм бо 5 ҳазор доллар ва соҳибони ҷойҳои сеюм бо 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД