Commerce bank may-june 2026
Нафақа дар Тоҷикистон беш аз 20 маротиба зиёд карда шудааст
200

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пиронсолон, маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор тӯли солҳои Истиқлол андозаи намудҳои гуногуни нафақа зиёда аз 20 маротиба зиёд карда шудааст.

Дар ин бора директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод зимни суҳбат бо журналистон хабар дода, гуфтааст: “Раванди рақамикунонӣ ва хидматрасонӣ ба нафақагирон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Агентӣ ба ҳисоб рафта, ба баланд гардидани сифати зиндагии нафақагирон, шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат менамояд. Таҳия ва амалӣ намудани барномаи «Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон» аз ҷониби Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ пурра таъмин гардида, шуруъ аз моҳи августи соли 2025 пардохти нафақа маротибаи аввал дар ҷумҳурӣ ба таври мутамарказ ба воситаи ин барнома ба роҳ монда шуд. Агентӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор истифодаи барномаи «Пули ҳушманд»-ро ҷиҳати сари вақт муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматӣ боздошт ва қатъ намудани пардохти нафақаи онҳо ба роҳ мондааст”.

Ёдрас мешавем, ки ҳамасола санаи 1-уми июл дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда мешавад. Бо мақсади рушди ин соҳа ва беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ба нафақагирон дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ва 30 соли таъсиси фонди нафақа зиёда аз 20 бинои нав дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шудааст.

Агар дар масъалаи нафақа дархост ё шикояте доред, метавонед тавассути рақами кӯтоҳи 3900 ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД