arzon replenishment
Намоиш-фурӯши асарҳои бачагона
389

Субҳи имрӯз саҳни бинои маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” хеле серодам буд. Духтаракону писаракони зиёде бо сару либоси ороставу перостаи мактабӣ дар назди даромадгоҳи “Шарқи озод” ҷамъ шуда, бо шавқу завқи беандоза китобҳои бачагонаи рангаро, ки бо сифати аъло чоп шудаанд, варақ мезаданд ва барои худ китобчаҳои афсонаву шеърҳои олиҷаноби кӯдаконаро интихоб намуда,харидорӣ мекарданд.

Шодию хурсандии бачаҳо интиҳо надошт. Онҳо бо чашмони барқпош расмҳои ҷолиби китобҳои бачагонаро тамошо карда, байни худ ҳар як асарро муҳокима менамуданд.

Ин иди маърифатро барои кӯдакону наврасон ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии “Истиқбол” созмон дода, намоиш-фурӯши китобҳои бачагонаро ташкил кардааст. Ташкилоти номбурда солиёни зиёдест, ки бо нашри адабиёти бачагона машғул буда, китобҳои афсона ва шеърҳои кӯдаконаро бо сифати хеле баланд ба табъ мерасонад.

Дар намоиши китоб дар қатори кӯдакону наврасон ҳамчунин аҳли адабу фарҳанги кишвар, шоирон, нависандагон ва журналистони шинохта иштирок доштанд. Аз фурсат истифода бурда, мо бо адиби маъруфи тоҷик Камол Насрулло ҳамсубат гаштем. Устод Камол Насрулло андешаҳои худро нисбати ин чорабинӣ баён намуда,аз ҷумла чунин гуфтанд:

         -Фуруғи миллати мо дар китоб аст,
           Китобе, ки ба ҳикмат офтоб аст.
Шиносномаи миллати мо ҳамеша китоб буд ва дастовези беҳтарини мардуми тоҷик китоб буду китоб мемонад. Банда аз роҳбари ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии “Истиқбол” шоираи шинохтаи тоҷик Латофат Кенҷаева изҳори сипос менамоям, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҷомеа ва тарғиби адабиёт ин намоиши хеле зебо, ҷолиб ва пурғановатро ташкил кардаанд.

Гузаронидани чунин чорабиниҳо махсусан дар замони муосир, ки интернет ҷойи китоб ва китобхониро гирифта истодааст, хеле муҳим мебошад, зеро ин як василаи тарғиби адабиёти бадеъӣ дар байни кӯдакон ва наврасон аст.

Латофатбону бар замми он ки худашон барои кӯдакон шеъру асарҳои хубу пурмазмун менависанд, чанд сол боз як хизмати бузурги дигарро барои адабиёти бачагонаи тоҷик анҷом дода, беҳтарин асарҳои бачагонаро бо сифати баланд ба табъ мерасонанд.

Коре, ки ин ташкилоти ҷамъиятӣ бо роҳбарии Латофат Кенҷаева мекунад, бо заҳмати нашриётҳои калони давлатӣ баробар аст,бинобар ин, бояд ба эшон аҳсанд хонд, зеро тарғиби адабиёт, хоса китобҳои бачагона бисёр кори нек ва савоб аст.

Дар ҳақиқат имрӯз, дар замоне, ки натанҳо дар кишвари мо, балки қариб дар тамоми ҷаҳон мардум, махсусан насли ҷавон аз китоб дур шуда истодаанд, ташкил кардани чунин намоишгоҳ ва маъракаҳои тарғиби адабиёт беҳтарин амал аст, зеро китоб барои бачаҳо беҳтарин ғизои маънавӣ буда, онҳоро дар руҳияи ватандустию меҳанпарварӣ, ахлоқи неку одамгарӣ ва меҳру муҳаббат тарбият хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД