Намоиши шоҳасари Шекспир - "Ричарди 3" дар Театри Лоҳутӣ
212

Дар таъхири театри тоҷик бори аввал дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шоҳасари нависандаи маъруфи ҷаҳон У. Шекспир - "Ричарди 3" ба саҳна гузошта шуд.

Намоишномаро коргардони маъруфи тоҷик Давлаталӣ Убайдуллозода бо пешниҳоди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ба саҳна гузошта, асарро Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим дар вазни "Маснавии Маънавӣ" дар ҳаҷми 120 саҳифа тарҷума кардааст.

Нақши "Ричарди 3"-ро дар намоишнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб хеле ҷаззоб офаридааст. Дар ин намоишнома ҳамчунин ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Саодат Азизова, Фирӯз Умаров, Ортиқ Қодир, Асалбек Назриев, Исфандиёр Ғуломов ва дигар ҳунармандони машҳур ва боистеъдод ҷалб шудаанд. Ин асари барҷастаи У. Шекспир бори аввал дар таърихи театрҳои Осиёи Марказӣ дар Театри Лоҳутӣ ба саҳна гузошта шуд, ки боиси таҳсин ва офарин аст. Намоишнома аз ҷониби муҳаққиқон ва олимону театршиносон баҳои баланд гирифт.

“Роҳбарияти Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ чунин асарҳои барҷастаи таърихиро, ки аз ҳувияти миллӣ дарак медиҳанд, рӯи саҳна гузорад, зеро рисолати театр ин аст, ки тамошобинро ба сӯйи хирад, ахлоқи ҳамида, зебоиву равшанфикрӣ ҳидоят намояд”,-гуфт зимни суҳбат бо мо директори Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Абдукарим Машрабов.

Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рӯзҳои наздик боз бо як намоиши нав мухлисону ҳаводоронашро шод месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД