formula
Намоишҳои театрии ҳафта
780

Имрӯз, 15 июн, соати 17:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномаи «Пораабри сафеди Чингизхон» аз рӯи асари нависандаи маъруф Чингиз Айтматов дар таҳияи Суҳроб Усмонов пешниҳоди тамошобинон мегардад. Дар ин хусус аз театри мазкур ба "Oila" иттилоъ доданд.

 

Ҳамзамон, имрӯз Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баҳри болидахотирӣ ва дӯстдорони санъати воло соати 11:00 намоишномаи «Алеко», 16 июн, соати 18:00 Консерти солои Ҷаннат Ҳусейнзода - «Гулдастаи мусиқӣ», 17 июн, соати 17:00 «Садоҳои сеҳрноки торҳои арфа ва овози сопрано», 18 июн, соати 17:00, намошномаи «Кармен сюита» ва «Павана мавра», 24 июн, соати 17:00 «Консерт бахшида ба С. Рахманинов»-ро пешниҳод менамоянд.

Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бошад, 20 июн сафари сайёр ба кўдакистонҳоро бо намоишномаи «Моҳии тиллоӣ» ташкил мекунад, ки барои шодиву фароғати кӯдакон манфиатовар хоҳад буд. Инчунин, театри мазкур 23 июн, соати 17:00 намоиши «Паёмак» (СМС) аз рӯи асари Денис Смирнов дар тарҷумаи Ҷумма Қуддусро ба намоиш мегузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД