35 years of independency
Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд                                                    
22.09.2026
Oila.tj
120

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд.

Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз аксҳо ва наворҳои сохташуда тавассути зеҳни сунъӣ аз мардум маблағ ҷамъ мекунанд.

Ба иттилои ин ниҳод, баъзе гурӯҳҳои ифротгаро низ метавонанд зери ниқоби кумак ба ниёзмандон аз муҳоҷирон интиқоли маблағ талаб кунанд. Дар сурати истифода шудани маблағ барои ҳадафҳои ғайриқонунӣ, интиқолдиҳандаи пул метавонад тибқи қонунгузории Русия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.

Намояндагӣ таъкид кардааст, ки дар Русия барои маблағгузории терроризм вобаста ба ҳолат аз 8 то 15 соли зиндон ва ҳатто ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст.

Ба муҳоҷирон тавсия шудааст, ки пеш аз интиқоли маблағ шахс ё созмони гирандаро пурра санҷанд, ба кортҳое, ки тавассути саҳифаҳои ношинос пешниҳод мешаванд, пул нафиристанд ва ба дархостҳои эҳсосотӣ ва шитобкорона дода нашаванд.

Ҳамчунин, дар сурати пайдо шудани шубҳа, муҳоҷирон бояд мукотиба, реквизитҳои бонкӣ, истинодҳо ва дигар маълумоти марбут ба ҷамъоварии маблағро нигоҳ дошта, барои машварат ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД