arzon replenishment
Нархи газ боз боло рафт
1474

Тайи як ҳафтаи охир арзиши гази моеъ дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон боло рафта истодаст.

Агар моҳе қабл 1 литр газ 3,7 сомонӣ буд, ҳоло бошад ба 5,3 сомонӣ дакка мехӯрад.

Сокинони пойтат мегӯянд, ки ҳафтае қабл як литр газро 4,7 сомонӣ харидорӣ намуда буданд, ҳозир бошад қимати он дар тоблоҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 5,3 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дар маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд 1 литри ин навъи маводи сӯхт бо қимати 5,2 - 5,3 сомонӣ фурӯхта мешавад.

“Як рӯз қабл қимати он аз 4,90 то 5,00 сомониро ташкил медод”, - гуфтанд аҳолии шаҳр.

Бояд гуфт, ки дар баробари болоравии нархи газ, қимати бензин низ андаке гарон шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ҷамъбасти шашмоҳаи соли 2023 гуфт, нархи миёнаи воридотии ҳар тонна гази моеъ ба Тоҷикистон ба 403 доллар баробар шудааст, ки нисбати соли гузашта арзонтар мебошад
Хадамот гуфта буд, ки нархи гази моеъ дар кишвар аз қимати он ба давлатҳои истеҳсолкунанда марбут аст, зеро ҷумҳурӣ ин маҳсулотро пурра ворид мекунад.

Дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 73%-и гази моеъ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид гардида, наздики 25%-и дигар ба Русия ва қариби 2% ба Ӯзбекистон рост меояд.

Ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда ба Тоҷикистон дар 6 моҳи соли 2023 ба зиёда аз 169 ҳазор тонна баробар шудааст, ки маблағи умумияш беш аз 68 млн долларро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД