Гузаштан ба иқтисоди рақамӣ талаботи давру замон буда, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо раванди рақамикунонӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат босуръат идома дорад. Яке аз чунин соҳаҳои ҳаётан муҳим андоз ва андозбандист.
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави рақамӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гаштааст ва имрӯз дар меҳмонхонаи Crowne Plaza Dushanbe бо иштироки масъулини Кумитаи андоз, намояндагони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои мухталиф ва андозсупорандагон маросими рӯнамоии дастовардҳои нави Кумитаи андоз дар самти рақамикунонӣ баргузор гашт.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид кард, ки рақамикунонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад ва таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккули иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ тадбирҳои пайгирона амалӣ гашта истодаанд. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат ҷиҳати рақамикунонии соҳаи андоз, рушди хизматрасониҳои электронӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои навин, таъмини шаффофияти раванди андозбандӣ ва сода гардонидани муносибатҳои байни Кумитаи андоз ва андозсупорандагон тадбирҳои зиёде андешидааст.

Зимни чорабинӣ се лоиҳаи муҳими Кумитаи андоз дар самти рақамикунонӣ - имкониятҳои нави портали ягонаи хизматрасонии электронии “Андози ман”, портали нави хизматрасонӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти Кумитаи андоз муаррифӣ карда шуданд.
Имкониятҳои нави портали ягонаи хизматрасониҳои электронии “Андози ман”-ро барномасози калони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз“ Бухоризода Руҳулло муарифӣ намуда, гуфт: “Интерфейси қаблӣ каме мураккаб буда, барои пайдо кардани баъзе хизматсарониҳо андозсупоранда маҷбур мешуд аз якчанд қисмат гузарад ё ба сомонаи Кумитаи андоз ворид шавад. Равандҳо қадам ба қадам набуданд ва истифодабаранда намедонист дар кадом марҳила қарор дорад. Ба ҳамин монанд боз чандин мушкилоти дигар вуҷуд дошт ва пардохти андоз дар дохили ҳуҷраи шахсӣ ба шакли қулай дастрас набуд. Аз ҳамин хотир, бо мақсади сода гардонидани тарзи истифодабарӣ, муттаҳидсозии хизматрасониҳо, таъмини шафофият ва дастрасии комили мобилӣ портали электронии “Андози ман” таҷдид карда шуда, ба он 20 намуд хизматрасониҳои нави электронӣ ворид карда шуданд, ки истифодабарии барномаро хеле сода ва қулай гардонида, кори андозсупорандагонро осон месозанд”.
Зимни рӯнамоии портали нави “Ҳуҷраи деҳқон” барномасози калони Корхонаи воҳиди давлатии Маркази барномасозӣ ва идоракунии андоз Шарипов Сироҷиддин баромад намуд. Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва татбиқи хизматрасониҳои электронии давлатӣ истифодаи низомҳои муосир барои осон намудани фаъолияти шаҳрвандон аҳамияти махсус дорад. Бо мақсади сода ва дастрас гаштани хизматрасониҳои андоз барои кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон портали электронии”Ҳуҷраи деҳқон”-ро роҳандозӣ намудааст. Портали мазкур низоми муосири электронӣ буда, бо мақсади содагардонии муносибатҳои андозӣ таъсис дода шудааст ва он ба баланд бардоштани шаффофият, сарфаи вақт ва кам намудани хароҷоти маъмурӣ мусоидат менамояд. Туфайли ин портал роҳбарон ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ метавонанд бидуни муроҷиати мустақим ба мақомоти андоз аз хизматрасониҳои гуногуни андоз, ки ба фаъолияти рӯзмараашон алоқамандӣ доранд, истифода баранд. Яке аз бартариҳои муҳими портал дар он аст, ки он дар телефонҳои мобилӣ, планшет ва компютер ба осонӣ фаъолият менамояд. Ҳамчунин барномаи мобилии он бо номи «Ҳуҷраи деҳқон» дар Play Market ҷойгир карда шудааст, ки шаҳрвандон метавонанд онро насб намуда, аз тамоми хизматрасониҳои электронӣ истифода баранд.

Дар чорабинӣ ҳамчунин истифодаи зеҳни сунъӣ дар хизматрасониҳои мақомоти андоз муаррифӣ гардид. Сардори шуъбаи барномасозии Корхонаи воҳиди давлатии Маркази барномасозӣ ва идоракунии андоз Саидбег Ҷомиев таъкид намуд, ки технологияи зеҳни сунъӣ дар Кумитаи андоз ҳанӯз аз соли 2022 мавриди истифода қарор дошт, вале дар марҳилаи аввал танҳо зимни таҳлилҳои дохилӣ ба кор бурда мешуд. Минбаъд истифодаи он марҳила ба марҳила васеътар гашта, дар таҳлили ҳисобнома-фактураҳои электронӣ ва ташаккули автоматии эъломияҳо истифода мегашт. Солҳои 2024-2025 зеҳни сунъӣ ба марҳилаи комилан нави хизматрасонии мустақим ба андозсупорандагон гузашт, ки яке аз намунаҳои асосиаш чат-боти зеҳни сунъӣ дар Утоқи шахсӣ мебошад. Ин чат-бот ҳамчун ёрдамчии электронӣ барои андозсупоранда хизмат мекунад. Корбар метавонад ба он бо забони тоҷикӣ савол диҳад ва ҷавоби фаҳмо гирад. Аз чат-бот дар бораи Кодекси андоз, хизматрасониҳои электронӣ, ҳолати ҳисоби шахсии худ ва дигар масъалаҳои ба андоз ва андозбандӣ марбут буда маълумот гирифтан мумкин аст. Қобили зикр аст, ки дар чат-бот имкони пурсиши овозӣ низ вуҷуд дошта, истифодабарандагон имкон доранд саволҳои худро тавассути микрофон дода, посух бигиранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ байни ҳозирин суҳбати рӯ ба рӯ сурат гирифта, масъулини Кумитаи андоз ба саволҳои сершумори андозсупорандагон ҷавобҳои дақиқ доданд.
