- Модарҷон, ба фикрам вақту соаташ расидааст,- гуфт каме нолаи сабук карда, келин.
- Э, рост мегӯед, келин?
- Бале, сабр кардан ғайриимкон аст.
Ҳама рақсу бозӣ мекарданду дар як тараф суманак билиқ-билиқ меҷӯшид. Зумрад ба зудӣ келинашро ба таваллудхона бурд. Хурсандии кампирро ҳадду канор набуд, зеро келинаш 15 сол дар интизори фарзанд буд. Соате нагузашта, духтурон мужда доданд, ки келини холаи Зумрад дугоникҳоро ба дунё овард. Яке писар, дигарӣ духтар. Кампир аз кисааш ба ҳамаи нафароне, ки дами дар интизори пайвандонашон буданд, шодиёна дод. Ӯ гӯё болу пар бароварда буду парвоз мекард.
- Ниҳоят пас аз 15 соли интизорӣ келинакам соҳиби як не, ду фарзанд шуд. Ин ниҳоят неъмату раҳмати бузурги Офаридгор аст, ки насиби мо гашт,- хушҳолона мегуфт ӯ.
***
Дар хонаи холаи Зумрад наврӯзӣ идома дошт. Суманак ҳам қариб пухта буд. Пас аз чанд соат суманакро ҳам дам партофтанд. Хурсандии ҳозирин ҳадду канор надошт. Охир, баъди 15 сол соҳиби яку якбора ду фарзанд шудан насиби ҳар кас ҳам намешавад.
Дар шаҳри бостонии Истаравшан анъанае ҳаст, ки тӯли садсолаҳост амал мекунад. Дар ҳар хонадоне, ки меҳмони нав (кӯдак) меояд, ҳатман дастаҳои карнайнавозон дар алоҳидагӣ омада карнайнавозӣ мекунанд ва аз ин муждаи нек ҳақу ҳамсояро хабардор месозанд.
Ин дастаҳои карнайнавозӣ дар хонаи ҳар ду қудо рафта ҳунарнамоӣ мекунанд. Онҳо бар ивазаш шодиёна медиҳанд ва ё дар карнайҳо рӯймолҳои миллӣ мебанданд. Ҳатто дар баъзе маврид ҳамсояҳо ҳам омада ба нияти он ки онҳо низ соҳиби набера шаванд, рӯймол медиҳанду ба шодии онҳо шарик мешаванд.
Дар хонаи Зумрадхола ҳам имрӯз дастаҳои карнайнавозӣ омада ҳунарнамоӣ карданд, ҳей карнай кашиданд. Барои меҳмонон, ки ба суманакпазӣ омада буданд, садои карнай басо мувофиқ афтод. Ҳамагон зери навои карнай дар наврӯзӣ рақс мекарданду рақс мекарданд.
Холаи Зумрад ба карнайнавозони омада ғайр аз шодиёнаву рӯймол дар қуттичаҳои махсус суманак эҳдо мекард, то онҳо низ аз хӯроки баҳорӣ баҳра баранд.
Замира ҳам ба муборакбодии Зумрад омад. Дугонаашро барои наберадор шуданаш табрик кард.
- Номи набераҳоро чӣ мондед, дугона?,- пурсид Замира.
- Писарашро Наврӯзу духтарашро Баҳор. Охир, дар фасли баҳору иди Наврӯз таваллуд шуданд,- хушҳолога гуфт кампир.
- Ҳа, Илоҳо роҳи келини шуморо ба келини ман ҳам диҳад. Кош дар ҳамин шабу рӯз ӯ ҳомила мешуд. Ба тӯяшон ҳам 4 сол шуд. Дугона, аз ҳама савдои душвор дар зиндагӣ ҳамин фарзанддор шудан будааст. Ҳама чизро ёфтан мумкин, аммо зуд соҳиби фарзанд шудан душвор. Ғайр аз ин, қариб ҳар рӯз мардум мепурсанд, ки дар келинат навгоние ҳаст? Ҳамааш майлаш, ба ҷойи он, ки хайр, сабр кун, Худо хоҳад соҳиби фарзанд мешавад, ҳоло ҳаёташ дар пеш, ҷавон аст гӯянд, келини нозойро чӣ кор мекунӣ, шарти ҷудо куну халос мегӯянд. Охир, Худованд фарзанд диҳад - неъмат, надиҳад - ҳикмат. Ҳама чиз вақту соат дорад. То вақту соати қалами тақдир расида нарасад, ҳеҷ чизе намешавад.
- Бале, дугона. Ман ҳам ҳомилашавии келинамро панҷ не, даҳ не, понздаҳ сол интизор шудам. Сабр талх бошад ҳам, мевааш ширин мегӯянд. Ана ҳамин меваи ширинро ман дидам.
Ҳамин замон ба телефони Замира занг омад.
- Лаббай келин, гӯш мекунам.
Баъди чанд лаҳзаи сукут аз чашмони кампир ашк шорид:
- Худатонро эҳтиёт кунед, кори вазнин накунед. Ман ҳозир тез меравам.
- Ҳа Замира, ба ту чӣ шуд? Тинҷӣ аст?
- Ҳа, тинҷӣ дугона. Маро ҳам табрик кун!
- Ба хайр?
- Келинам беморхона рафта буд. Ҳозир занг зад, ки ҳомила будааст.
- Илоҳо ҳама ба чунин рӯзи нек расанд. Ҳама соҳиби фарзандони солиму солеҳ гарданд. Волидон ҷигарбандонашонро дар роҳи росту дуруст тарбия кунанд. Онҳоро ватандӯсту меҳанпарвар ба воя расонида, барои шукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор кунанд. Ватан бо ин фарзандонаш фахр кунад. Боз мо кампиракон то наврӯзи дигар дар ҳалқаи наберагон ҷавлон занем,- дуо карданд кампирон.
АРДАШЕР