shoh palace
Назарбоев чаро аз Қазоқистон меравад?
06.01.2022
ОИЛА
1583

Сардабири радиои «Эхо Москвы» хабар додааст, ки Нурсултон Назарбоев, президенти собиқи Қазоқистон омода аст, кишварро тарк кунад.

Венедиктов дар канали Telegram бо такя ба як манбаъ дар доираҳои дипломатӣ навиштааст: «Назарбоев омода аст Қазоқистонро барои табобат тарк кунад.»

Вазъи ногувори Қазоқистон водор ба он намудааст, ки собиқ президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев ва аъзои оилаи ӯ низ кишварро тарк кунанд.

ВАО: Назарбоев барои тарки Қазоқистон омодагӣ мегирад.

Алексей Венедиктов, сардабири радиои «Эхо Москвы» гуфтааст, ки Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон омода аст, кишварро тарк кунад. Венедиктов дар канали Telegram бо такя ба як манбаъ дар доираҳои дипломатӣ навишт: «Назарбоев омода аст Қазоқистонро барои табобат тарк кунад.» Қаблан Назарбоев аз мақоми раиси Шӯрои амнияти ин кишвар барканор шуда буд, ки бояд то абад бар ӯҳда дошта бошад.

Шӯрои амнияти Қазоқистонро президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев раҳбарӣ мекунад. Ба гузориши хабаргузории Kaktus Media, ҳамчунин иттилоъе мавҷуд буд, ки як ҳавопаймои вижаи ҳукуматӣ ба қаламрави Қазоқистон парвоз кардааст. Баъдан FlyRadar ҳаракати ҳавопаймои духтари Назарбоев Динара ва шавҳараш Тимур Қулибоевро нишон дод.

Аммо ҳавопаймои Ту-214-и Русия ба Алмаато нарасид, ки тазоҳуркунандагон фурудгоҳро тасарруф карданд ва масирро дигар карданд. Ҳоло ҳавопаймо дар фазои Узбакистон қарор дорад. Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки ҳавопаймои хусусии Қулибоев алакай ба Қирғизистон рафтааст.

Дар ҳавопаймо аъзои дигари хонаводаи Назарбоевҳо низ метавонанд бошанд.

Манбаъ: https://pressa.tj/news_tj/charo-nazarboev-қazoқistonro-tark-kardanist/

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД