arzon replenishment
НБО "Роғун" корҷӯёнро интизор аст
488

Муҳоҷирони ба ватан баргашта метавонанд аз рӯйи касбу ҳунар ва ихтисосашон дар корхонаҳои хурду бузурги кишварамон кори муносиб ёбанд.

Бино бар иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ имрӯз аксари корхонаҳои калони кишвара, аз ҷумла НБО "Роғун” ниёз ба қувваи корӣ доранд ва ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта шароитҳои хуби корию музди меҳнати арзандаро пешниҳод менамояд.

Ронандагони мошинҳои сабукрав, боркаш, борбардор, автокран, булдозер, экскаватор, мошинҳои шиббазанӣ, автобетоннасос, ҳамчунин челонгарон, кафшергарони барқӣ, кафшергарони барқию газӣ, харротон, васлгарон, муҳандисони сохтмон, устоҳо ва бетонкорон метавонанд барои пайдо кардани ҷойи кор дар НБО "Роғун” ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва ё бевосита роҳбарияти худи нерӯгоҳи обию барқии “Роғун” муроҷиат намоянд.

Музди миёнаи меҳнат дар “НБО Роғун” аз 2500 то 4000 сомониро ташкил медиҳад.

Кормандон бо усули вахтавӣ кор карда, аз ҷониби корхона бо либоси корӣ, пойафзол ва дигар лавозимоти меҳнат таъмин карда мешаванд.

Дар ҳар рӯзи корӣ ба кормандон 30 сомонӣ барои хӯрок дода шуда, роҳкиро низ вобаста ба ҷойи истиқомат пардохт карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД