Нигина Амонқулова соҳиби нишони Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон гардид
29.01.2026
Oila.tj
131

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нигина Амонқулова бо нишони сарисинагии «Фидокори фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон» сарфароз гардид.

Ин мукофот дар маросими тақдими ҷоизаи миллии «Ситораҳои Ӯзбекистони Нав», ки оид ба фарҳанг ва санъат дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ба ҳунарманди маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Нигина Амонқулова, сарояндаи маҳбуби тоҷик ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон соли 2024 бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои саҳмгузорӣ дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ унвони баланди "Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон"-ро гирифта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД