Моҳи май ҳарорати ҳаво якбора баланд шуда, хатари зарролудшавӣ аз ғизо меафзояд, зеро дар ҳавои гарм намудҳои гуногуни вирус, микроб ва бактерияҳо босуръат афзоиш меёбанд. Мехоҳед донед, ки кадом хӯрданиҳо дар ин давра боиси заҳролудшавӣ мегарданд ва барои пешгирии ҳолатҳои нохуш чи бояд кард? Пас мутаваҷҷеҳ бошед!
Сабабҳои заҳролудшавӣ
Одамон бештар бо сабаби дониста ё надониста истеъмол кардани ғизоҳои вайроншуда заҳролуд гашта,бемор мешаванд. Сарчашмаи асосии заҳролудшавӣ ғизоҳое мебошанд, ки дар шароити номувофиқ нигоҳ дошта шудаанд. Ношуста истифода бурдани меваю сабзавот, пиёзи сабз, гашнич ва дигар кабудиҳо низ боиси заҳролудшавӣ гашта метавонад.
Сабабҳои асосии заҳролудшавӣ аз ғизо дар моҳи май
Сабабҳои асосии заҳродушавӣ аз ғизо дар моҳи май инҳоянд:
1. Дар ҳавои гарм дар ҳарорати баланд, бидуни яхдон нигоҳ доштани маҳсулот.
2. Ба таври дилхоҳ шуста нашудани маҳсулот, махсусан меваю сабзавот, буттамева ва кабудиҳое, ки хомохом хӯрда мешаванд
3. Истифодаи тахтаҳо ва кордҳои ифлос.
4. Буридани гӯшти хом ё моҳӣ дар ҳамон тахтаҳое, ки барои сабзавоти салат истифода мешаванд.
5. Истеъмоли хӯрокҳои кӯчагӣ, махсусан шаурма, ходдог, чебурек...
Нишонаҳои заҳролудшавӣ
Маъмулан заҳролудшавӣ аз ғизо бо дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди шикам ва дарунрав сар шуда, пас аз 2-4 соати хӯрдани хӯроки вайроншуда табби мариз баланд мешавад ва ӯро табларза мегирад.
Ёрии аввал аз шустани меъда, ворид кардани абсорбентҳо (Ҳабҳои ангишти фаъолшуда “ Активированный уголь”, “Энтеросгел” ва ғайра) ва бештар нӯшидани моеъ тавсия дода мешавад, то мушкили камобшавии бадан ба миён наояд.
Дар кадом ҳолат “Ёрии таъҷили”-ро даъват кардан лозим аст?
Заҳролудшавӣ ба назар як чизи сода менамояд, вале метавонад оқибатҳои нохушро ба бор орад, бинобарин, дар ҳолатҳои зерин ҳатман ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задан лозим аст:
1. Заҳролудшавӣ аз занбурўғ ё консерваҳо.
2. Заҳролуд шудани кӯдак, зани ҳомиладор ё шахси калонсол
3. Аз 38,5–39°C баланд шудани табби шахси заҳролудшуда.
4. Манъ нашудани қайъкунӣ
5. Ба назар раисдани хун дар наҷосат
6. Ба назар расидани аломатҳои хушкшавии шадиди оби бадан.
Табибони ёрии таъҷилӣ ҳолати беморро дида, чораҳои фаврӣ меандешанд.