arzon november
Низора ба ҷавони немис ошиқ шуду.... Қисми 3
12.01.2022
ОИЛА
801

 

Низора аз пайвандонаш ҳатто як акс надошт, то тамошо карда, хуморашро бишканад. Вай акнун бо қалби пурхун андеша мекард, ки маънии зиндагӣ дар хӯрдану пӯшидан набудааст.

Зан ба дарахти бе мевае мемонд, ки хушк шуда, тамоми баргҳояш пажмурда гаштаанд. Дар рӯзҳои вопасини умраш Микоил низ хатои худро дарк карда буд ва дар бистари марг хобида, мудом аз Низора бахшиш мепурсид:
-Маро бубахш, агар фарзанде медоштем, баъди сари ман тур соҳибӣ мекард, вале афсӯс…
Ҳаминтавр Микоил бе нишон, бе меросхӯр аз дунё чашм пӯшид. Низора б алам гиря карда мегуфт: Рост мегуфтаанд, ки оҳи падару модар мегирад. Оҳи падари дилсӯхтаам маро гирифта дар дами пирӣ дар мулки мардум танҳи танҳо мондам ва акнун оворагӯр мемирам...”

хххххххххххххх


Низора баъди марги шавҳараш шабҳо қариб, ки хоб намерафт. Вай бо акси Микоил соатҳо нишаста розу ниёз мекард. Ҳамин тавр аз танҳоӣ рафта-рафта савдоӣ шуда монд. Акнун Низора худ ба худ гап зада, гоҳ механдиду гҳи дигар б алам гиря карда фиғону шеван мебардошт.


Наздикони Микоил Низраро ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ бурда хобонданд, вале ба ҷойи беҳтар шудан ҳоли зан торафт бадтар мешуд. Вай фақат Тоҷикистон ва падар мегуфту аз гулӯяш ҳатто як қатра об ҳам намегузашт.
Субҳе ҳавли ҷонканиаш гирифту сардухтур ба наздикони шавҳараш занг зада гуфт, ки омада беморро баранд, аммо касе ба суроғи низра наомад.

Дар дами ҷонканӣ ин зани сарватманд ба ҷойи об Точикистон мегуфту лабони порсингбастааш ба ҳам мечаспиданд, вале касе ба гулӯяш як қатра об начаконд ва касе ҳам пиҳилаш накард. Касе пайдо нашуд, ки ақаллан баъди маргаш манаҳи Низораро бубандад ё дар гӯшаш оёте аз каломи худованд бихонад. 


Ҷасади Низора чанд рӯз дар МРГ хобид, баъд ҷисми бе чони ин зани ғарибро бо расму русуми бегона ба хок супурданд. Рӯҳи саргардони зан гӯиё нола мекард:
Ё мусофир, ё мухочир,
Хар кучое ман, ки мурдам,
Бар сари қабрам нависед, он замон
Қабри муввақат!
Ҳамватанҳои парешонам, ки баргаштанд,
Ман ҳам ба хонаи худ боз мегардам аз он
Қабри муваққат!
Шаҳлои Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД