Номнавис кардани муҳоҷирон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ оғоз ёфт
86

 

Хушхабар барои шахсоне, ки мехоҳанд дар кишвари Корея кор кунанд! Номнавис кардани хоҳишмандон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Кореяи Ҷанубӣ оғоз ёфт.

Тавре Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод, бақайдгирии хоҳишмандон барои кор дар Корея тибқи низоми EPS topik ба роҳ монда шудааст.

Ба кишвари Корея муҳоҷирони меҳнатии синну солашон аз 18 то 38-солае фиристода мешаванд, ки ба талаботҳои зерин ҷавобгӯй бошанд:

1. Донистани забони кореягӣ тибқи низоми EPS topik.

2. Надоштани доғи судӣ.

3. Надоштани ихроҷшавӣ (депортатсия) аз Корея.

Ба шахсоне, ки тибқи талаботи низоми EPS topik ба Кореяи Ҷанубӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳанд, вале забони кореягиро намедонанд, дар агентӣ барои омӯзиши забони кореягӣ тавсияҳои муфид пешниҳод карда мешавад.

📍Суроғаи Агентӣ дар шаҳри Душанбе - кӯчаи Лоҳутӣ 80.

Телефонҳо барои тамос:📞221-39-83, 221-39-67, 930934994 (Whatsapp, Telegram)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД