Arzon march 2024
Норасоии витаминҳо дар фасли баҳор чӣ хатар дорад?
515


Захираҳои организми инсон низ мисли маҳсулоте, ки мо дар фасли тирамоҳ захира мекунем, бо поён ёфтани зимистон ба охир мерасанд.

Аз ҳамин сабаб бо фаро расидани фасли баҳор аксарият худро беҳолу бемадор, беҳавсала, хоболуд ва чунон камқувват эҳсос мекунанд, ки дасташон ба ягон кор пеш намеравад. Болои ин ҳама фаромӯшхотирӣ, асабоният, ҷамъ карда натавонистани фикру зикри худ, кафидани пӯсти рӯй ва дастон, шикастани нохунҳо, хунравӣ аз вораҳои дандон, рехтани мӯйи сар ва мушкилоти дигари пӯст зам шуда, табъи касро вайрон мекунад. Сабаби ин ҳама норасоии витаминҳо дар организм мебошад, ки онро авитаминноз меноманд.

Авитаминоз аз гиповитаминоз чӣ фарқ дорад?

Аслан ҳолатҳое, ки дар боло зикр кардем, бар асари авитаминоз не, балки аз гиповитаминоз сар мезананд. Авитаминоз шакли вазнини беморӣ буда, оқибатҳои нохуши зиёде дорад, гиповитаминоз бошад, ин нисбатан кам шудани захираи витамин ва минералҳои зарурӣ дар организм мебошад, ки боиси хоболудию камқувватӣ, рехтани мӯйи сар, асабоният ва дигар эҳсосоти ногувор мегардад, аммо ин ҳолатро бо каме кӯшиш ислоҳ кардан мумкин аст.

Витаминҳо барои чӣ лозиманд?

Барои мубодилаи моддаҳо дар организми инсон миқдори зарурии сафедаҳо, чарбҳо, витаминҳо, микроэлементҳо (оҳан, цинк, йод...) ва макроэлементҳо (кальций, фосфор, магний) лозиманд, аммо ҷисми мо наметавонад ҳамаи ин моддаҳоро мустақилона ҳосил намояд. Танҳо витаминҳои A, D, E ва B12 ба миқдори начадон зиёд дар организми инсон захира мешаванд, дигар моддаҳоро мо тавассути хӯрок, мевагӣ ва дигар ғизоҳои табиию сунъӣ мегирем. Вақте ки бо сабабҳои гуногун миқдори витамину минералҳо дар ҷисми инсон кам мешавад, мо бо мушкили гипомитаминоз дучор гашта, худро беҳолу бемадор эҳсос мекунем, асабонӣ мешавем, мӯй ва нохунҳоямон зудшикан мешаванд...
Барои бо мушкили норасоии витаминҳо дучор нагаштан инсон бояд махсусан дар фасли баҳор ба ғизои худ диққати ҷиддӣ диҳад.

Сабабҳои норасоии витаминҳо

Барои пешгирии гиповитаминоз пеш аз ҳама сабабҳои сар задани ин ҳолатҳоро донистан лозим аст. Омилҳои асосие, ки боиси норасоии витамин ва минералҳо дар ҷисми инсон гашта метавонанд, инҳоянд:
1. Норасоии витаминҳо бо сабаби аз ҳад зиёд бирён кардани маҳсулот ҳангоми омода намудани ғизо.
2. Дурудароз дар яхдон нигоҳ доштани маҳсулоти хӯрока.
3. Реҷаи вазнини корӣ, стресс ва асабонияти зиёд.
4. Аз сар гузаронидани бемориҳои вазнини сироятӣ-инфексионӣ,
5. Гирифтор шудан ба бемориҳое, ки боиси сустшавии ҷараёни ҷабидашавии моддаҳо дар организми инсон мегарданд. Ба ин қабил касалиҳо асосан бемориҳои системаи ҳозима-ЖКТ, гельминтоз, баъзе бемориҳои илтиҳобӣ, гипертериоз ва касалии саратон дохил мешаванд.
6. Истифодаи аз меъёр зиёди нӯшокиҳои спиртӣ, тамокукашӣ ва кофеин, ки боиси ба миқдори зиёд аз организм хориҷ гаштани витаминҳои гурӯҳи В ва С мегардад.

Бе иҷозати духтур витамин нахӯред!
Баъзеҳо бо эҳсос намудани камқувватию бемадорӣ дарҳол ба сӯйи дорухона давида, пачка-пачка витамин мехаранд. Ин ғалати бузург аст, зеро дар сурати аз ҳад зиёд истифода бурдани витаминҳо шумо метавонед бо мушкили дигар-гипервитаминоз дучор гардед, ки аз норасоии витаминҳо бадтар аст. Гипервитаминоз боиси калшавӣ, дилбуҳузурии доимӣ, баромадани ҳал хел яраҳо дар пӯсти рӯй ва бадан, дарди шадиди сар гашта, дар натиҷа одам чунон хоболуд мешавад, ки дигар чашмашро кушодан намехоҳад. Барои он ки ба чунин ҳолат гирифтор нашавед, танҳо бо иҷозати духтур витаминҳои барои организми шумо заруриро қабул кунед. Фақат муттахассис метавонад аниқ кунад, ки ба организми шумо маҳз кадом намуди витамин ва минералҳо намерасанд. Беҳтар аз ҳама кӯшиш намоед, ки ин витамину минералҳоро аз меваю сабзавоти тару тоза бигиред.

Чанд маслиҳати муфид
Барои он ки ғизои шумо саршор аз витамин ва минералҳо бошад, тарзи дурусти пухтани хӯрокро омӯхтан лозим аст. Инак, чанд маслиҳати муфид дар бораи тарзи дурусти пухтани ғизо.

Фируза Саттори, [07.04.2023 11:50]
1. Аксари витаминҳо бар асари дурудароз бирён кардан ва зиёд дар рӯи оташи сӯзон нигоҳ доштани дег несту нобуд мешаванд, бинобар ин, кӯшиш кунед, ки хӯрокро бисёр назирбонед. Оташи зери дегро паст кунед, то хӯрок майда-майда ҷӯшида пазад.
2. Бештар масҳулоти тару тозаро истеъмол намоед, чунки дар таркиби чунин маҳсулот витамин ва минералҳо фаровонанд.
3. Картошка ва донагиҳоро дар ҷойи торик ва хушк нигоҳ доред, нон ва ширро бошад, дар зарфҳои сарпӯшдор нигоҳ надоред. Дар зарфҳои шаффоф зери шуои офтоб витаминҳо вайрон мешаванд.
4. Сабзавотро дар яхдон дар пакетҳои махсус ё контейнерҳо нигоҳ доред.
5. Фаромӯш накунед, ки маҳсулоти яхкунонидашуда назар ба консерва, маҳсулоти дар офтоб хушконида ва дар намак хобонидашуда бештар витамин дорад.

Тарзи дурусти пухтани хӯрок
Барои он ки витаминҳо ҳангоми пухтани хӯрок несту нобуд нашаванд, ба қоидаҳои зерин риоя намоед:
1. Оташи таги дегро аз ҳад баланд накунед.
2. Сабзавотро калон-калон реза кунед.
3. Маҳсулотро зуд шуста, аз таги об бигиред.
4. Ба сабзавот каме равған илова кунед.
Барои пешгирии норасоии витаминҳо чӣ бояд кард?
Барои пешгирии норасоии витаминҳо шумо бояд ғизои солим ва рангоранг истеъмол намоед. Бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯред. Ба хӯроки ҳаррӯзаи худ ҳатман гӯшт, моҳӣ, тухм, донагиҳо, чормағз ва кабудиро дохил кунед. Боқӣ саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД