Formula september
Нур Табаров, собиқ вазири фарҳанг даргузашт
889

 

Нур Табаров, Вазири собиқ фарҳанги Тоҷикистон, адиб, рӯзноманигор дар сини 81-солагӣ даргузашт. Дар ин бора Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, ки маросими видоъ бо Нур Табаров дар манзилаш, ки дар пушти чойхонаи "Роҳат", доир мешавад.

Нур Табаров ба ҳайси ходими сиёсисву фарҳангӣ ва рӯзноманигору драмнавис фаъолият карда, ҳамчун як нафари сахтгир ва ташаббускор ном мебаранд, ки маҳз дар давраи вазирии ӯ ҷашнвораи театрии “Парасту” ва “Наврӯз” ба миён омад, ки бевосита дар он саҳм дошт.

Нур Табаров соли 1941 зода шуда, соли 1962 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин ва солҳои 70-ум мактаби олии ҳизби коммунистро хатм кардааст. Фаъолияти журналистии худро дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз карда, баъдан ба ҳайси хабарнигори махсуси "Комсомолская правда" дар Тоҷикистон, "Навиди Бозаргон", сармуҳаррири маҷаллаи "Помир" кор кардааст. Ӯ муаллифи чандин маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳо, аз ҷумла "Вагони охирин", "Тарс", "Паёми Зардушт", "Суробҳо", "Шикасти ташнагӣ", "Чашмони бародари қиёматӣ" ва "Дар чорсӯ" аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД