orienbank akciya
Офатмоҳ (қисми 4)
1550

 

Давомаш. Аввалашро дар ин ҷо хонед.

-Холаҷон, охир байни шумо ва амакам ҳатто қил ҳам намегузарад. Пир шуда бошед ҳам, то ҳол ҳардуятон мисли Лайлию Маҷнун ҳастед. Ба амакам чӣ намерасад, ки зани дуюм мегирифтаанд?!-суханони шавҳарашро тақвият дода гуфт ҳамсари Муродҷон, ки келини калонии ин хонадон буд.

-Ту ин мардҳоро намедонӣ, духтарам, як зани аз зани худашон ҷавонтарро, ки диданд, дарҳол оби даҳонашон меравад ва оламу одамро фаромӯш карда, буду шудашонро пеши пойи он париноз мерезанд...

-Ин хел намешавад! Ман рафтам, ҳозир он Офатмоҳи лаънатиро ёфта меорам. Бигзор барои гапҳои гуфтааш ҷавоб дода, исбот кунад, ки он зан зани дуюми ман аст,-Мирзо-амак инро гуфта, бо ғазаб ҷониби дарвоза равон шуд.

Бо дидани ин манзара Гулбаҳор-хола талхакаф шуда, ҷаста азҷояш хест ва аз паси мӯйсафедаш давида фарёд зад:

-Ҳой мӯйсафед, истед! Ба хонаи мардум рафта, ғавғо набардоред! Мехоҳед, ки дар дами пирӣ назди ҳаққу ҳамсоя шарманда шавем?!  

-Дигар чӣ кор кунам?! Қасам хӯрдам, ки ман бо он зан ягон муносибат надорам ва фақат барои савоб ба ӯ кӯмак кардам, вале ту ба гапам ҳеҷ бовар намекунӣ. Бева дорию сағера дорӣ гуфта, ҷонамро ба лабам овардӣ, кампир. Рафта касеро, ки ин овозаро паҳн кардааст, меорам, ана он вақт ҳақиқат рӯйи об мебарояд.

Гулбаҳор-хола ҳарчанд кӯшиш мекард, пеши роҳи шавҳарашро гирифта наметавонист. Мӯйсафеди ба туҳмат гирифторшуда, аз алам дарун ба дарун сӯхта, инони ихтиёр аз даст дода буд ва акнун ҳарду пояшро ба як мӯза андохта, ба сари Офатмоҳ рафтан мехост, то ки бегуноҳиашро собит созад.

Муродҷон, ки якравии падарашро хуб медонист, дар дами дарвоза пеши роҳи ӯро гирифта, илтиҷоомез гуфт:

-Дадаҷон, хоҳиш мекунам, гардани шайтонро шиканед, охир Офатмоҳ як духтари бетарбия аст. Ба сараш равед, он шаттоҳ бо доду фиғон маҳалларо ба сараш мебардорад ва тамоми аҳли деҳа ҷамъ мешаванд. Аз пушти дупула гап, ҳамаамон шарманда мешавем. Дар дами пирӣ ба мардум кинои бе пул намоиш додан ба шумо чӣ лозим, дадаҷон?!

-Муродҷон, пеши роҳи маро нигар, писарам! Қиёмат қоим шавад ҳам, ман рафта Офатмоҳро ёфта мебиёрам ва ҳамаашро исбот мекунам. Ҳамаашро исбот мекунаму баъд ҷомаамро гирифта аз хона баромада меравам. Ин хонаву дар ба модарат насиб кунад....

Мӯйсафед инро гуфта, дарвозаро ба шаст тела дод...

 

Мирзо-амак дарвозаи шалақи кали Ҳасанро чунон сахт бо лагад зад, ки аз шиддати зарба кам монда буд похсадевори атрофи ҳавлӣ фурӯ резад. Бо шунидани ин садои ваҳмангез зани Ҳасан осемасар аз хона берун шуд ва Мирзо-амаро бо қошу қавоқи овезон дар рӯйи ҳавлӣ дида, ташвишомез пурсид:

-Тинҷӣ аст, акаи Мирзо?! Дарамро чунон сахт задед, ки қариб талхакаф шуда будем...

-Духтарат канӣ?-мӯйсафед аз шиддати қаҳру ғазаб ҳатто қарзи парвардигор-салом доданро фаромӯш карда, дарҳол ба дӯғу даранг гузашт.

-Духтарам?! Духтарам дар хонаи шавҳараш,-бо гумони он ки шояд Мирзо-амак барои савдо кардани хонаи духтари калониаш омада бошад,- бепарвоёна посух дод зани Ҳасан.

-Ман духтари хурдиатро дар назар дорам,-аз кундфаҳмии зан бештар асабонӣ шуд Мирзо-амак.

-Офатмоҳро мегӯед?!

-Ҳа, ҳамон Офатмоҳи оламсӯзро мегӯям! Канӣ он духтари шӯрапушти хонасӯз? Гӯй, тезтар ин ҷо барояд, ман бо вай кор дорам!

Зани Ҳасан аз духтарашро шӯрапушт ва оламсӯз гуфтани ҳамсоя ба ғазаб омада, бо зарда гуфт:

-Ба даҳонатон нигоҳ карда, гап занед, амаки Мирзо! Хотири риши сафедатон мо шуморо ҳурмат кардем, тори сарамон набароед-дия!

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД