Arzon march 2024
Қоидаҳои нави бақайдгирии муҳоҷирон
932

Федератсияи Россия қоидаҳои нави бақайдгирии шаҳрвандони хориҷиро дар солҳои 2023-2024 ҷорӣ намуд. Барои худро дар қайд гузоштан муҳоҷирони меҳнатӣ минбаъд бояд чӣ кор кунанд?

Бо мақсади осонтар кардани кори шаҳрвандони хориҷие, ки барои дарёфти кор ва манбаи даромад ба Федератсияи Россия меояд, ин кишвар қоидаҳои нави бақайдгирии шаҳрвандони хориҷиро ҷорӣ намудааст.

Ба Қонуни Федеролии Россия таҳти №156 тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд ва шурӯъ аз 26-октябри соли 2023 қоидаҳои нави бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ мешавад.

Тибқи қонун ба ғайр аз шахсоне, ки бо сафари корӣ (командировка) ё бо мақсади саёҳату дамгирӣ ва табобат ба Россия омаданд ва дар меҳмонхонаҳо ё беморхонаҳо ҷойгир мешаванд, дигар тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки ба қаламрави Федератсияи Россия қадам мегузоранд, вазифадоранд, ки шахсан барои бақайдгирӣ муроҷиат намояд.

Имрӯз мо дар бораи қоидаҳои ҷадиди бақайдгирии муҳоҷирон дар Россия ба шумо маълумот медиҳем.

  1. Қаблан тамоми маълумотҳои заруриро дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ширкат ва корхонаҳое, ки муҳоҷирони меҳнатиро ба кор гирифтаанд, меҳмонхонаҳо ва шахсоне, ки манзилашонро ба хориҷиён иҷора додаанд, пешниҳод мекарданд, вале дар асоси тағйиротҳои ба қонунгузорӣ ворид карда шуда минбаъд ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки ба Федератсияи Россия ворид мешавад, вазифадор аст, ки баробари расидан ба ҷойи таъиншуда шахсан худаш ба Вазорати корҳои дохилии Россия дар бораи вурудаш ба ин кишвар маълумотнома пешниҳод намояд.
  2. Қаблан танҳо шаҳрвандони хориҷие, ки дар Россия ба номи худашон молу амвол доштанд, чунин маълуотнома пешниҳод мекарданд, вале акнун сарфи назар аз он ки муҳоҷири меҳнатӣ дар Федератсияи Россия хона, мошин ё молу амвои дигар дорад ё не, вай вазифадор аст, ки дар бораи ба қаламрави Федератсияи Россия ворид гаштани худ ва аҳли оилааш (агар муҳоҷир зану фарзандонашро низ бо худ оварда бошад) ба МВД-и Россия маълумотнома пешниҳод намояд.
  3. Барои худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштан шаҳрванди хориҷӣ бояд дар портали “Госуслугӣ” кабинети шахсӣ кушода, дар он ҷо суроғаи макони зисташ дар Россия ва дигар маълумотҳои лозимаро дар бораи шахсияти худ ба таври электронӣ қайд намояд. Тамоми маълумотҳо дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ ба шабакаи ягонаи идентификация ва аутентификация (ЕСИА) ворид мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки соҳибхона низ бояд дар портали “Госуслуги” кабинети шахсии худро дошта бошад. Вақте ки иҷоранишин, яъне муҳоҷири меҳнатӣ суроғаи макони зисташро қайд мекунад, фавран ин маълумотнома ба кабинети шахсии соҳибхона фиристода мешавад.

Соҳибхона бояд тасдиқ кунад, кидар ҳақиқат ин шахс дар манзили ӯ зиндагӣ карда истодааст ва барои нашри маълумотнома иҷозат диҳад.

Пас аз ин ҳуҷҷат ба таври автоматӣ ба шӯъбаи минтақавии Раёсати Корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират фиристода мешавад. Вақте ки бақайдгирӣ ба итмом расид, ба кабинети шахсии шаҳрванди хориҷӣ хабарнома дар бораи бақайдгирӣ фиристода мешавад. Онро чоп карда ҳамеша бо худ гардондан лозим аст.

Бояд тазаккур дод, ки муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ҳамчунин тавассути МФЦ худро дар қайд гузоранд. Дар ин ҳолат соҳибхона барои дар қайд гузоштани шаҳрванди хориҷие, ки дар манзилаш зиндагӣ мекунад, ариза медиҳад. Барои бақайдгирӣ бевосита ба Вазорати корҳои дохилии Россия низ муроҷиат кардан мумкин аст.

Дар сурати тавассути кабинети шахси худро дар қайд гузоштан шаҳрвандони хориҷӣ бояд нусхаи электронии ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

  1. Шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти шаҳрванди хориҷиро муайян менамояд.
  2. Корти муҳоҷиратӣ
  3. Ҳуҷҷате, ки ба тарафи қабулкунанда дахл доштани манзили иҷора гирифтаи шаҳрванди хориҷиро тасдиқ менамояд.
  4. Қисмати хабарнома, ки вуруди шаҳрвади хориҷиро ба Федератсияи Россия тасдиқ мекунад.
  5. Шартномаи иҷораи манзил, агар бошад.
  6. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи робитаи хешу таборӣ дар ҳолатҳое, ки шаҳрванди хориҷи зану фарзандонашро низ бо худ овардааст.

Дар сурати тавассути ҷониби қабулкунанда худро дар қайд гузоштани шаҳрванди хориҷӣ танҳо аризаи соҳибхона,хуҷҷати манзил ва шиносномаи шаҳрванди хориҷиро пешниҳод намудан кифоя аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД