arzon replenishment
Оила ва муҳоҷират
3571
Оила ва муҳоҷират

Ман модари 4 фарзанд будам, вале ду фарзандам аз беморӣ аз олам гузаштанд. Писари калониам бемории руҳӣ дорад, занҷирбанд аст.

Ман як зани деҳотии бесавод ва бемор бо ду фарзанд ҳоли зор дорам. Шавҳарам ду сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва ба мо ягон зарра кӯмак намерасонад. Зани дуюм дорад. Ҳамроҳи зани дуюмаш Россия рафта, ману фарзандонамро умуман суроғ намекунад. Ақаллан занг зада намепурсад, ки фарзандонаш зиндаанд ё мурда. Зиндагиамон бисёр вазнин аст, пуле надорам, ки барои фарзандонам сару либос ва хурду хӯрок харам.

Писари хурдиам бо “сланси” ба мактаб мерафт ва кӯдакони ҳамсоя ӯро мазоҳу масхара карда, ба ҳолаш механдиданд. Бечора писаракам зор-зор гиря карда, мепурсад, ки чаро падарони дигар бачаҳо меоянду падари мо намеояд....

Ин пора аз нақли як зани тоҷик аст, ки дар барномаи навбатии “Муҳоҷирати бехатар” сарнавишти талхи худро қисса кард. Коршиносон ба ин зани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда маслиҳатҳои муфид дода, дар боби таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба оила суҳбат карданд.

Тавре ки Маҳбуба Азимова, корманди масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, хуб аст, ки фарзандони мо, писарони мо, ҷавонмардони мо барои беҳтар кардани шарити зиндагии аҳли хонавордаашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд, вале мутаассифона иддае аз муҳоҷирон баъди он ки ба Русия рафтанд, думболи зани дигареро гирифта, масъулияти падарии худ, оила ва фарзандони худро аз ёд мебаранд ва дигар зану кӯдаконашонро суроғ намекунанд. Яке аз омилҳои афзоиши талоқ дар ҷумҳурӣ ва зиндаятим гаштани кӯдакон низ маҳз муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад....

Коршиноси дигари барнома Нурулло Ғаффуриён, корманди масъули Хадамоти муҳоҷират баръакс ҷонибдори муҳоҷирати меҳнатӣ буда, гуфт, масъулиятшиносӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ алоқамандӣ надорад. Оилаҳое ҳастанд, ки падару модар 24 соат дар як шабонарӯз дар хонаанд, вале бемасъулиятӣ зоҳир намуда, ба таълиму тарбияи фарзандонашон тамоман аҳамият намедиҳанд.

"Дар қиёс бо кӯдакони чунин оилаҳо фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ тарбияи хуб дошта, волидонашон барои онҳо тамоми шароитҳои зарурии зиндагӣ ва таҳсилро фароҳам овардаанд. Имрӯз технологияҳои навин хеле пеш рафта, муҳоҷирон бо зану фарзандони худ ҳамеша дар иртиботанд...”, - гуфт Ғаффуриён.

Суҳроб Тошев, коршиноси дигари мо ҷонибдори он нест, ки муҳоҷирони меҳнатӣ зану фарзандонашонро бо худ ба Русия баранд. Коршинос мегӯяд, аксаран муҳоҷирон наметавонанд фарзандони худро дар Русия ба мактабу боғчаҳои бачагона диҳанд ва муҳоҷират боиси аз таълиму тарбия дур мондани кӯдакон мегардад...

Муҳоҷирати меҳнатӣ ба оила ва кӯдакон боз чӣ таъсир дорад? Коршиносон дар барномаи “Муҳоҷирати меҳнатӣ” ин мавзӯъи муҳимро ба риштаи таҳлил кашидаанд. Ворид шавед ва тамошо кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД