formula55
Оинҳои наврӯзии кишварҳои Шарқ
21.03.2022
Оила
1008

Наврӯзи Аҷам-Иди воқеан миллӣ ва ачдодӣ, ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ муборак бошад!
Шукр,, сад шукр, ки Худованд мову шумо-мухлисони азизи сомонаи Оила. ТЧ-ро боз ба иди Наврӯзи оламафрӯз расонд . Умедворем, ки ин баҳори сабзу тар ва наврӯзи хушпай ба ҳар як кошонаи тоҷик нӯру сафо ва файзу баракат оварда, сарзамини моро нӯрбор мегарднад. Ба тамоми мардуми тоҷик тани сиҳат, хотири шод ва садату сарсабзиҳои бепоён таманно намуда, орзу мекунем, ки чеҳраатон чун гулҳои наврузӣ хандону шукуфон, дилҳоятон ба сони офтоби оламорои наврӯзӣ гарму равшан, табъатон чун табъи кабкони дарӣ хушу ғазалхон ва хонатон шабеҳи дастурхони наврузӣ тамоми сол пурнозу неъмат бошад. Бо чунин таманниёти нек имрӯз мо ба шумо дар бораи оинҳои наврӯзии мардумони кишварҳои дигари Шарқ маълумот медиҳем
Наврӯз дар Туркия
Наврӯзро дар Туркия 22-23 март пешвоз мегиранд. Як рӯз пеш туркҳо либосшӯйӣ карда хӯрокҳои идона мепазанд. Аз ҷумла барак бо шпинат, тухмҳои рангкарда, конфет, леблеби, локум. Дар рӯзи Наврӯз ҳама ба хонаи якдигар меҳмонӣ мераванд, идро якҷоя бо ҳамсоя ва дӯстон ҷашн мегиранд. Рӯзи 23 март тамоми мардуми ин кишвар субҳи барвақт аз хоб бархоста либоси наву тоза ба бар мекунанд ва барои дуову фотеҳа ба қабристон мераванд. Аҳли тамоми оилаҳо дар қабристон сарҷамъона чой менӯшанд, хӯрок мехӯранд, сипас бо навбат санги болои қабрро бӯсида ба хонаҳояшон бармегарданд. Бегоҳ тамоми ҳамсояву хешовандон якҷоя ҷамъ шуда, то саҳар дилхушӣ мекунанд. Дар ин рӯз ҳама бо чеҳраи хандон гуноҳони якдигарро бахшида Наврӯзро истиқбол мегиранд.

Наврӯз дар Эрон
Чанд ҳафта қабл аз иди Наврӯз эрониҳо гандум сабз карда, бо он хонаҳоро оро медиҳанд. Гандуми сабз нишонаи сарсабзӣ аст, онро 13 рӯз баъди соли нав дар хона нигоҳ дошта, баъдан ба дарё мепартоянд. Чоршанбеи охирини қабл аз Наврӯз чун анъана дар кӯчаҳо оташ мегиронанд, ки нишонаи рӯзи нав ва хушбахтӣ дар соли нав аст. Одамон аз рӯйи оташ парида нидо мекунанд: «Сурхии рӯятро бидеҳ, зардии рӯямро бигир!». Барои он ки тамоми орзуҳо ҷомаи амал пушанд, дар шаби Наврӯз хӯроки махсусеро иборат аз писта, нахӯди бирён, бодом, чормағз, биринҷ, ғулинг, мавиз тайёр мекунанд, ки аз қадим дар кишвари Эрон муқаддас маҳсуб меёбад.

Наврӯз дар Озорбойҷон
Наврӯзро дар Озорбойҷон дар рӯзҳои баробаршавии шабу рӯз 20, 21 ё 22 мартро ҷашн мегиранд. Мисли иди Рамазон иди Наврӯз ҳам яке аз идҳои қадимаву дӯстдоштаи мардуми озар аст. Озариҳо як моҳ қабл аз ҷашнгирии наврӯз ба ин ид омодагӣ мегиранд. Чор сешанбеи қабл аз Наврӯз таҷассумгари яке аз ҳодисаҳои табиат: об, оташ, замин ва ҳаво аст. Дар рӯзи ид ҳамаи ин ҳодисаҳои табиат бо як мақсад муттаҳид мегардад– ба беҳбудии инсон амал намуда, барояш боигариву оромиш бахшидан.
Хӯрокҳои асосии дастурхони наврӯзии озариҳо шакарбура (хӯрок аз хамир ва чормағз, таҷассумгари Моҳтоб), паҳлава (нишонаи 4 самти рушноӣ), суманак (нишонаи офтоб) ва тухми рангкардашуда аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД