goodwell
Олими тоҷик Омина Холиқзода дар Чин соҳиби медали тило гашт
03.09.2026
Oila.tj
27

Омина Холиқзода, ходими калони илмии шуъбаи илмию таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи тиби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз Чин бо медали тило баргашт.

Дар шаҳри Гуанҷои Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «12th International Exhibition of Inventions» форуми байналмилалӣ ва намоишгоҳи ихтироот баргузор гашта, дар он ихтироъкорон, олимон, муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмию таҳқиқотии давлатҳои гуногуни ҷаҳон ширкат варзиданд. Дар ин форуми байналмилалии илмӣ дастовардҳои олимону ихтироъкорон дар самти таҳқиқоти илмӣ, навовариҳо ва ихтирооти дорои аҳаммияти амалӣ муаррифӣ карда шуданд.

Аз Тоҷикистон дар ин форум ходими калони илмии шуъбаи илмию таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи тиби бунёдии ДДТТ Омина Холиқзода ширкат варзида, соҳиби медали нуқра гаштааст, илова бар ин, дастоварди илмии ӯ аз ҷониби «Indonesia Invention and Innovation Promotion Association» баҳои баланд гирифта, ба олим медали тило тақдим карда шудааст.

Иштироки олимони ҷавони тоҷик дар чунин форуми сатҳи баланд барои муаррифии иқтидори илмӣ, таҳқиқотӣ ва навоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД