Гурӯҳи байналмилалии экспедитсионӣ дар киштии илмии яхшикани олмонӣ «Polarstern» дар баҳри Уэдделлаи Антарктида ҷазираи навро ошкор намудааст.
Бино ба иттилои Институти тадқиқоти қутбӣ ва баҳрии ба номи Алфред Вегенер (AWI), аз 8-уми феврали соли 2026 гурӯҳи иборат аз 93 нафар олимон қисми шимолу ғарбии баҳри Уэдделларо таҳқиқ мекарданд. Дар ҷараёни ин корҳо ҷазирае кашф гардид, ки қаблан дар харитаҳои баҳрӣ танҳо ҳамчун «минтақаи хатарнок» ишора шуда буд.
«Аз тиреза нигариста, мо “айсберг”-еро дидем, ки хеле ифлос менамуд. Ҳангоми наздиктар шудан фаҳмидем, ки эҳтимол ин санг аст. Баъдан самти ҳаракатро тағйир дода, ба он тараф равона шудем ва равшан гардид, ки дар пеши мо ҷазира аст»,- гуфтааст иштирокчии экспедитсия Саймон Дройттер.
Гуфта мешавад, ки тибқи арзёбиҳои аввалия, дарозии ҷазира тақрибан 130 метр, паҳноияш 50 метр ва баландии он аз сатҳи об тақрибан 16 метрро ташкил медиҳад.
Айни замон ҷазира ном надорад.