Ҷоми ФФТ-2026: “Барқчӣ” ва “Ҳулбук” ба финал роҳ ёфтанд
17.02.2026
Oila.tj
46

Бозиҳои марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2026 дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба анҷом расиданд. Дар натиҷа дастаҳои “Барқчӣ” ва “Ҳулбук” ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа “Барқчӣ” бо ҳисоби 2 бар 0 “Ҳосилот”-ро шикаст дод. Дуби Рамин аз ҳайати тими шаҳри Ҳисор дубл намуд. “Ҳулбук” ва “Панҷшер” дар вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 бозӣ карданд ва дар силсилазарбаҳои пеналтӣ тими ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 6 бар 5 ғалаба намуд.

Дар бозии финалӣ рӯзи 20-уми феврал “Барқчӣ” ва “Ҳулбук” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вориди майдони рақобат мешаванд. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм “Ҳосилот” ва “Панҷшер” дидор анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки фонди умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 000 сомонӣ аст. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД