Дирӯз, 19-уми май дар студияи телевизиони «Душанбе» маросими қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 баргузор шуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, муборизаро барои ба даст овардани ҷоми фахрӣ аз марҳилаи 1/8-ниҳоӣ дувоздаҳ дастаи лигаи олӣ ва чаҳор дастаи лигаи якум оғоз мекунанд.
Дар мавсими имсола ҳамаи марҳилаҳои Ҷоми Тоҷикистон аз даври 1/8-ниҳоӣ сар карда, аз ду бозӣ иборат хоҳанд буд.
Имсол чаҳор дастаи лигаи якум ба сабадҳои болоӣ ва поёнии Ҷом ҷудо шуда, бозиҳои аввали даври 1/8-ниҳоиро дар сафар анҷом медиҳанд. Вохӯриҳои ҷавобӣ дар майдонҳои худи онҳо баргузор мешаванд.
Қуръакашии Ҷоми Тоҷикистон-2026-ро собиқ бозигарони тими миллии Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов ва Хуррам Нозирӣ баргузор карданд.
Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизавии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби Ҷоми миллӣ дар баробари ба даст овардани ҷоиза бо 200 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешавад. Ба иштирокчии бозии ниҳоӣ 100 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Финали мусобиқа дар варзишгоҳи "Вахш" барпо мешавад.Ҳамчунин барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2026 роҳхати ширкат дар Лигаи даъвати КФО-2027/28-ро соҳиб мешавад.