Arzon march 2024
Омӯзгор шаву замин гир
812

Шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ бо нашри як эълон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ки омӯзгорони хоҳишманди кор дар муассисаҳои таълимӣ бо замин барои хона таъмин мешаванд.

Дар матни эълон гуфта шудааст, ки ин ташаббус дар самти пурра бартараф кардани норасоии омӯзгорон мусоидат хоҳад кард.

"Замин ба омӯзгорон аз фанҳои забони русӣ, англисӣ, химия, физика, математика ва технологияи иттилоотӣ баъди ба кор омадан дода мешавад. Ҳоло чанд омӯзгор дар муассисаҳои таълимии ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Дӯстӣ намерасад",-омадааст дар матни эълон.

Ҳамчунин, гуфта шудааст, ки барои бартараф кардани ин мушкилӣ ва ҳам дастгирии омӯзгорони ҷавон роҳбарияти ноҳия тасмим гирифтанд, ки омӯзгорони ба кор омадаро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД