sebiston july new
ҶОНИ ПИСАРАМРО ХАРЕД (ВИДЕО)
1326
ҶОНИ ПИСАРАМРО ХАРЕД  (ВИДЕО)

Гулизор Рӯзиева зодаи шаҳри Ҳисор буда, муддати 5-сол боз ба дарди фарзандаш даво меҷӯяд.
Усмонҷони 4-сола иллати гурда дошта, аз ҳафтмоҳагӣ то ба ҳол азоб мекашад.

Ин кӯдаки хурдсол аллакай 5 маротиба ҷарроҳӣ шуда бошад ҳам, ин дард ӯро раҳо карданӣ нест. Табибон бояд бори 6-ум Усмонҷонро ҷарроҳӣ намоянд, вале дар бисоти падару модараш дигар чизе намонда, барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ маблағ надоранд.

Волидони писарак камбизоат буда, зиндагиашонро бо ниҳолфурӯшӣ пеш мебаранд. Ба хотири наҷот додани ҷони фарзандашон онҳо аз бонк 14 ҳазор сомонӣ қарз гирифта буданд, вале Усмонҷон шифо наёфта, қарзи калон дар гардани падар модари камбағалаш монд. Акнун аҳли хонавода намедонанд сарашонро ба кадом дар зананд.

Усмонҷони 5-сола ба дастгирии мову шумо ниёз дорад. Боварӣ дорем, ки шахсони хайрхоҳу накӯкор нисбати тақдири ин писараки бемор бетараф намонда, ба ин оилаи камбағал дар табобати фарзандашон дасти ёрӣ дароз менамоянд.

Нафароне, ки ба Усмонҷони 4 сола кӯмак кардан мехоҳанд, ба рақамҳои 907-81-12-81 занг зананд ё ба рақами корҳои зерин:

Амонатбонк: 5058270112528327
Амонатбонк viza: 4455730016881579
Эсхата: 5058270420139726

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД