Formula september
Ҷонибеки Мурод падару модарашро ба ҳаҷ фиристод
1073

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, шоҳсутуни санъати тоҷик устод Ҷӯрабек Мурод ҳамроҳи ҳамсараш ба тавофи Каъба рафта, яке аз панҷ фарзҳои ислом - ҳаҷро ба ҷо овард.

Дар бораи ба зиёрати Хонаи Худо рафтани устод Ҷӯрабек Мурод писараш Ҷонибеки Мурод дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст. Ҷонибеки Мурод, ки мисли падари шуҳратмандаш дилбохтаи шеъру суруд буда, дар олами санъат кайҳо мақому мартабаи хоси худро пайдо намудааст, дар саҳифаи шахсиаш дар “Фейсбук” аксе гузоштааст, ки дар он Ҷӯрабек Мурод ва ҳамсараш дар тан либоси сафед доранд. Акси мазкур дар Каъба гирифта шудааст.

Ҷонибеки Мурод дар шарҳи акс навиштааст: “Шукри Худованди меҳрубонам, боз як орзуям амалӣ гардид!”.

Аз ин навиштаҳо чунин бармеояд, ки Ҷонибеки Мурод орзуи деринаи худро ҷомаи амал пӯшонида, падару модарашро ба ҳаҷ фиристодааст.

Ёдрас мешавем, ки устод Ҷӯрабек Мурод ва ҳамсарашон Мушаррафа Исмоилова соҳиби 4 писар мебошанд: Фирдавсбек, Хусравбек, Парвизбек ва Ҷонибеки Мурод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД