arzon replenishment
Қонуни нав ба муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ медиҳад?
671

  Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин қоидаҳои аз қаламрави кишвараш ихроҷ, яъне “депортация” кардани шаҳрвандони хориҷиро тағйир дод. Президент Путин ба қонун дар бораи қоидаҳои нави ихроҷи муҳоҷирони меҳнатӣ аз қаламрави Федератсияи Россия имзо гузошт. Ҳуҷҷати мазкур дар портали “Санадҳои ҳуқуқӣ” нашр шудааст. Қонуни нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Россия, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсони бетабаае, ки аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ карда шудаанд, то 30 рӯз дар муассисаҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд, як қатор дигаргуниҳоро ворид месозад. Тибқи қонуни нав чораи ихроҷ, яъне “депортация” дар як қатор ҳолатҳо метавонад бо ҷаримабандӣ кардани муҳоҷирони ихроҷшуда ба маблағи то 50 ҳазор рубли русӣ ё ҷалб намудани шахси ихроҷшуда ба корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати то 200 соат иваз карда шавад, агар суд ба хулосае ояд, ки ихроҷи намудани шахс боиси поймолшавии ҳуқуқҳои фардии ӯ мегардад. Дар сурати даст кашидани кишвари дигар аз қабули шахси аз Россия ихроҷшуда низ мақомоти ин кишвар метавонанд “депортация”-ро бо ҷарима бастан ё ҷалб намудани шахс ба корҳои ҳатмӣ иваз намоянд. Қобили зикр аст, ки ҳангоми қабул кардани қарор дар бораи иваз намудани чораи “депортация” бо ҷарима ё ҷалб намудан ба корҳои ҳатмӣ касбияти муҳоҷир, сатҳи даромади ӯ, вазъи оилавӣ, доштани манзил ва супурдани ҳуҷҷатҳо барои ба даст овардани шаҳрвандии Федератсияи Россия низ ба назар гирифта мешаванд. Ёдрас мешавем, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҳанӯз моҳи ноябри соли 2017 ба Думаи давлатии Россия пешниҳод гашта буд, вале танҳо баъди 6 сол палатаи поёни онро дар хониши сеюм қабул кард. Дар ин бора Лента. Ру хабар додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД