Ғорҳои Ажантаи иёлоти Маҳараштра яке аз ҷойҳои асосии динии Ҳиндустон мебошанд. Ин маҷмааи беназири ғорҳо аз 30 маъбад ва дайрҳои буддоӣ иборат аст, ки дар кӯҳи наълшакл тарошида шудаанд.
Дар дохили он ороиши зиёд, аз ҷумла муҷассамаҳои сангӣ ва наққоширо дидан мумкин аст, ки шоҳасарҳои санъати динии буддоӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо ҳаёти гузаштаи Буддо, инчунин, дигар худоёни буддоӣ, ҳайвонот, ҷавоҳирот, саҳнаҳои Кама-Сутра ва ғайраро тасвир мекунанд.
Бостоншиносон бар ин назаранд, ки дар Ҳиндустони Қадим ин ғорҳо ҳамчун паноҳгоҳи роҳибон дар мавсими сардӣ ва ҷойи истироҳати тоҷирону зоирон будаанд.