Arzon march 2024
Орзу Исоев аз шеърнависӣ миллионер шуд?
6025

 

Шоу-барномаҳои марғуби фарҳангӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои тезу тунди иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар эфири радиову телевизион, ровигӣ дар консерту барномаҳои сатҳи баланд Орзу Исоевро кайҳо дар байни мардум машҳур гардонидаанд. Аммо дар нигоҳи ман Орзу пеш аз ҳама ба ва беш аз ҳама шоир аст, аз ҳамин хотир бо ин ҷавони эҷодкор атрофи шеър суҳбати ширине оростам.

 

-Шумо бешатар ба шеъри нав рў овардед. Қолабе, ки шоирони Эрон менависанд. Чаро?

-Ман аз шоирони форсигў бештар ашъори Иқболи Лоҳурӣ, Нодирпур, Симин, Фурўғи Фаррухзод, Нумо Юшиҳ, Фаррухи Сипеҳриро мутолиа мекардам ва мушоҳида намудам, ки заминаи навгўиии шоирони муосири мо дар заминаи шоирони муосири Эрон пайдо шудааст. Мисол Симин мефармояд: «Дубора месозамат Ватан, агарчи бо хишти ҷони хеш» айнан ҳамин мисраъ дар шеъри Бозор Собир ба таври «Дубора созамат Ватан ба хишти ҷони хештан» омадааст, ки ин ибтидо мегирад аз ғазали Симин. Зиёд мутолиа кардам ҳар ду гунаи шеърҳоро ва ин роҳро интихоб намудам. Мушоҳида карда бошед, ман дар шеърҳоям бешатар аз вазъи иҷтимоӣ дарак медиҳам, аз рўзгори ҳамарўзаи худамон.

-Шумо солҳо дар ВАО кор кардед. Домони хостаҳову гуфтаҳо дар ВАО фарох аст. аммо майдони шеър маҳдудтар. Шеър метавонад ҳама чизеро, ки Шумо мехоҳед, дар қолабаш ғунҷонад?

-Дар миёни ҳамаи жанрҳо, ки дар соҳаи мо ҳаст, жанре ҳаст бо номи памфлет ва солҳои пеш дар Аврупо ҳаводиси сиёсиро дар қолаби назм мекашиданду дар ҷойҳои серодам баланд-баланд қироат карда бо ин роҳ ба ҷомеа таъсир мерасониданд. Адабиёт низ ҳамингуна аст. Ҳаводиси  имрўзро, рўзу рўзгореро, ки имрўз дар зиндагӣ дорем ба назм кашем, дар ҳудуди ягон шеър мазмун пайдо мекунад. Инро метавон дар мисоли аксари классикони мо исбот кард. Танқиди шоҳи ноодил, танқиди ноадолатии давр ...

-Аз шоирони муосири тоҷик киро дӯст медореду мехонед?

-Фарзона. Бо Фарзона ошноем он ҳад, ки агар як ҷо во хӯрем метавонем соатҳо дар мавриди шеър ҳарф занем. Ашъори ў ҳамеша бо ман аст. Озарро дӯст медорам. Дар ғазалнависӣ ҳамто надорад. Офоқбонуро мехонам. Ин ҳавзаи адабие аст, ки мо сар боло кардем дар Хатлон. Фарзонаву Гулнозу Сурайёву Озарахшу дигар нафарони ҳавзаи адабии Суғд ба ҷаҳони шеър ҷаҳони сабз ворид карданд.

-Шеър метавонад сармояи зиндагии Шумо бошад?

-Чун мо бо сарояндаҳо ҳамкорӣ мекунем, албатта манфиати молӣ ҳам мерасад, вале чандон зиёд не.

-Пас овозаҳо дар боби он ки Орзу Исоев аз ҳисоби шеър миллионер шудааст, асос надоранд?

-Ин як афсона аст, вале бошад, ки дурӯғи мардумон гардад рост! (механдад)

-Сарояндаҳо ба шумо шеър фармоиш медиҳанд ё менависеду интихоб мекунанд?

-Онҳо аслан мавзўъро фармоиш медиҳанд, мо бо оҳангсоз машаварат мекунем ва ман навишта пешниҳод мекунам, агар мақбулашон шуд…

-Дар охир мехостам донам, ки имрўз чӣ рӯзгор доред?

-Аслан бо корҳои эҷодӣ машғулам. Бо сарояндаҳо ҳамкорӣ мекунам. Дар масъалаи таъсиси консертҳо, сохтани рекламаву роликҳо саҳм мегирам, то даромаде дошта бошам. Се фарзанд дорам, як духтар ду писар, ҳар се мактабхонанд. Бештар таваҷҷуҳ мекунам ба раванди таълими онҳо. Фикр мекунам, ки волидайн бояд дар масъалаи илмомӯзии фарзандонашон саҳми хеле бузург дошта бошанд.

Мусоҳиб Одили НОЗИР

Поделиться новостью
Шарҳ
(10)
Шоира. Р 2019-06-21, 17:30
шоирест бе хамто
Посух
Нодир Холов 2019-06-21, 17:31
Сари кал хам шуури тез дорад канешна миллионер меши
Посух
nigina 2019-06-21, 17:34
osh savad akojon
Посух
Насимаи Мехри 2019-06-21, 17:36
Бар ман ки вафо накард сад нобудш хами шера зур навистай ака
Посух
Фариддун 2019-06-21, 17:38
шеърхои зузура хами менависа бехтарин шеърхош бад миллионер гуфта кати и маймун суратша монден ай пули хами миллионер шидаст чи?
Посух
Салимов Валичон 2019-06-21, 18:02
Орзу Исоев журналисти нотакрор аст. Калби поку лахни ширин дорад бехтарин мард аст. Бо хама як хел аст миллиодер шави ака
Посух
Султон 2019-06-22, 00:26
Шери нари
Посух
Gafurov 2019-06-22, 02:23
☝????????
Посух
Ширинбек 2019-06-28, 23:58
Э даф кнен и кали ахмака дар туйм омад 2 хазор сомона гирифт туя соз нагзаронд беваховри кар кард хест рафт
Посух
Muhayyo O'zbekistoni 2019-07-27, 22:04
Akai Orzu Iso behtarin jurnalist va shoir hastand ba man she'rhoyashon pisandast Behtarin surudu she'r in Surudi BOZ DILAM TARONAHOI SABZ MESAROYAD ki inro Noziyajoni aziz saroidan ba man benihoyad pisandi dilam. Akai Orzujon ejodi nav ba navro az shumo intizorem .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(10)
Шоира. Р 2019-06-21, 17:30
шоирест бе хамто
Посух
Нодир Холов 2019-06-21, 17:31
Сари кал хам шуури тез дорад канешна миллионер меши
Посух
nigina 2019-06-21, 17:34
osh savad akojon
Посух
Насимаи Мехри 2019-06-21, 17:36
Бар ман ки вафо накард сад нобудш хами шера зур навистай ака
Посух
Фариддун 2019-06-21, 17:38
шеърхои зузура хами менависа бехтарин шеърхош бад миллионер гуфта кати и маймун суратша монден ай пули хами миллионер шидаст чи?
Посух
Салимов Валичон 2019-06-21, 18:02
Орзу Исоев журналисти нотакрор аст. Калби поку лахни ширин дорад бехтарин мард аст. Бо хама як хел аст миллиодер шави ака
Посух
Султон 2019-06-22, 00:26
Шери нари
Посух
Gafurov 2019-06-22, 02:23
☝????????
Посух
Ширинбек 2019-06-28, 23:58
Э даф кнен и кали ахмака дар туйм омад 2 хазор сомона гирифт туя соз нагзаронд беваховри кар кард хест рафт
Посух
Muhayyo O'zbekistoni 2019-07-27, 22:04
Akai Orzu Iso behtarin jurnalist va shoir hastand ba man she'rhoyashon pisandast Behtarin surudu she'r in Surudi BOZ DILAM TARONAHOI SABZ MESAROYAD ki inro Noziyajoni aziz saroidan ba man benihoyad pisandi dilam. Akai Orzujon ejodi nav ba navro az shumo intizorem .
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД